Jump to content

Бӯстон (гулбоғ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гулбоғи «Бӯстон» - дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, дар маркази пойтахт дар паси чойхонаи «Роҳат» воқеъ аст.

Гулбоғи «Бӯстон» дар ибтидо ҳамчун «Гулбоғи ба номи М. Фрунзе» солҳои 1930-ӯм бунёд ёфтааст. Гулбоғ дорои гулгашт дарахту гулбута ва курсиву фаввора (архитектор Б.А. Зуҳурдинов) мебошад. Пештар гулгашти асосии он ба театри тобистонаи «Театри cабз» пайваст буд. Масоҳати гулбоғ 3 га ташкил мекард. Дар охири солҳои 1980-ӯм дар паҳлӯи рости гулбоғи «Бӯстон» бинои собиқ КМ ҲК Тоҷикистон (ҳоло Қасри президент) сохта шуд, аз он сабаб масоҳати он хурдтар шудааст. Дар охири солҳои 1990 -ӯм гулбоғ номи ҳозираашро гирифтааст.

Мамаджанова С., Мукимов Р. Архитектура и градостроительство Душанбе (история, теория и практика). — Д., 2008. — С. 286. (рус.)