Jump to content

Бӯстон (деҳа, н. Балхӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бӯстон (деҳа, н. Ҷ. Балхӣ))
Деҳа
Бӯстон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Ҷалолиддин Балхӣ
Ҷамоат Шаҳраки Орзу
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 4338 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3247
Нишонаи почта 735200

Бӯстон — деҳа тобеъи шаҳраки Орзуи ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ. Аз Бӯстон то маркази шаҳрак 4 км, то маркази ноҳия 25 км; роҳ асфалтпӯш.

Аҳолиаш 4338 нафар (2017), тоҷикон. Бӯстон солҳои 1964—1965 таъсис ёфта, мардумаш аз Бадахшон ва минтақаи Хатлон кӯчида, деҳаро обод кардаанд.

Мактабҳоии таҳсилоти умумии ибтидоӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 нуқтаи савдои хусусӣ, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз наҳри Гулистон обёрӣ мешаванд. Ҳоло дар ҳудуди Бӯстон 45 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.