Jump to content

Вазнавд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Вазнавд
Кишвар  Тоҷикистон
минтақа ВМКБ
Ноҳия Рӯшон
Ҷамоат Деҳоти Абдулвосиев
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 543 тан (2012)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992

Вазнавд (аз ваз- буз ва навд — гирён гирифта шудааст) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Абдулвосиеви ноҳияи Рӯшон.

Дар соҳили дарёи Панҷ ва сари роҳи автомобилгарди Душанбе — Хоруғ, дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии Вазнавд воқеъ аст. Аз Вазнавд то маркази ноҳия 50 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 543 нафар (2012), тоҷикон. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактаби ибтидоӣ, 4 ошхона, клуб, китобхона, бунгоҳи тиббӣ, нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз оби чашма ва Вазнавддара обёрӣ мешаванд.