Вамд
Намуди зоҳир
| Деҳа | |
Вамд | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| минтақа | ВМКБ |
| Ноҳия | Рӯшон |
| Ҷамоат | Деҳоти Назаршо Додихудоев |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 809 тан (2012) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонон |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Пешшумораи телефон | +992 |
Вамд — деҳа дар ҷамоати деҳоти Назаршо Додихудоеви ноҳияи Рӯшон.
Ҷуғрофиё
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар соҳили дарёи Панҷ, дар сари роҳи автомобилгарди Душанбе – Хоруғ воқеъ аст. Аз Вамд то маркази ноҳия 20 км, то шаҳри Хоруғ 84 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 809 нафар (2012), тоҷикон. Вамд мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, клуб, нуқтаи савдои хусусӣ ва ошхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, ғаллакорӣ ва сабзавоткорӣ Заминҳо аз Вамддара ва ба воситаи қубури обкаш аз дарёи Панҷ обёрӣ мешаванд.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — 676 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.