Jump to content

Вағнич

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вағнич
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
  • Cerasus verrucosa

Вағнич (Cerasus verrucosa) — буттаест мансуби настараниҳо. Баландиаш 50-300 см, асосан дар Осиёи Миёна (Помиру Олой, Тиёншон) паҳн шудааст. Барги байза ё нештаршакли парра-парраи дар давраи дуюми нашваш бемӯяк, гули гулобии дурахшон, косабаргҳои секунҷаи борик ё паҳни аз дарун мӯякноку аз берун мемӯяк, меваи гулобии сершираи таъмаш нордон, донаки мудаваари байзашакл дорад. Вағнич асосан дар минтақаи арчазор, шибляк, ксерофилии камдарахт паҳн шудааст.

Ба Вағнич олуболу ва олу пайванд намуда боғҳои лалмӣ бунёд кардан аз ҷиҳати иқтисодӣ фоиданок аст. Вағничзорҳо хоки соҳил ва ёнаҳои кӯҳро аз шусташавию бодхӯрдашави нигоҳ медорад.