Jump to content

Ваҳдат (деҳа, н. Шаҳристон)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ваҳдат (собиқ Қаерма))
Деҳа
Ваҳдат
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Шаҳристон
Ҷамоат Деҳоти Шаҳристон
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 2141 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3456
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Ваҳдат (то 29 марти 2012 Қаерма) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон. Аз Ваҳдат то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 5 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2141 нафар (2017).

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, заводи хишт, бунгоҳи тиббӣ, клуб, осиёби хусусӣ, сартарошхона, чойхона ва 3 нуқтаи савдои хусусӣ дорадарёи Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз наҳри Шаҳристон обёрӣ мешаванд.