Википедиа:Мақолаи пешнаҳодӣ ҳафта/2015/48
Ноҳияи Нуробод (форсӣ: ناحیۀ نورآباد) — яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст ва дар дараи рӯди Сурхоб ҷой дорад.
Маркази ин ноҳия - шаҳраки Нуробод аст, ки 135 км шарқтар аз шаҳри Душанбе дар каронаи рӯди Сурхоб ҷой дорад.
Ин ноҳия 19 январи соли 1936 бо номи ноҳияи Дарбанд дар таркиби вилояти Ғарми ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта ва то соли 1991 ноҳияи Комсомолобод ном дошт. Бар асоси Қарори Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз соли 1991 дубора ноҳияи Дарбанд номида шуд. Бар асоси Қарори № 390 Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 2003 ноҳияи Нуробод номида шуд.
Ноҳияи Нуробод дар водии Рашт ҷой дорад. Дар Шимол бо ноҳияи Рашт, дар Ғарб - бо ноҳияи Ваҳдат ва ноҳияи Роғун, дар Шарқ — бо ноҳияи Тавилдара ва дар Ҷануб — бо ноҳияи Балҷувон аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳаммарз аст.
Паҳноварии ноҳияи Нуробод 7127,8 км² аст. Дар маркази ноҳияи Нуробод рӯдҳои Сурхоб ва Хингоб якҷо шуда рӯди Вахшро падид меоваранд, ки ба рӯди Панҷ мерезад. Бино бар саршумори соли 2008 аҳолии ноҳияи Нуробод 54 363 нафар буда аст. Мардуми ноҳияи Нуробод ба забони тоҷикӣ сухан мегӯянд.