Восил ибни Ато
Восил ибни Ато | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | илоҳиётшинос |
Таърихи таваллуд: | 700[1] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 748[1][3] |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: | |
Эътиқод: | ислом ва муътазила[d] |
Фаъолияти динӣ |
|
Самти фаъолият: | илоҳиётшиносии исломӣ[d] |
Корфармо: | |
Устодон: | Ҷаъфари Содиқ ва Ҳасани Басрӣ[d] |
Шогирдон: | Зайд ибни Алӣ[d] |
Вироиши Викидода |
Абуҳузайфа Восил ибни Ато ал-Басрӣ ал-Ғаззол (ар. واصل ابن عطاء; 699, Мадина — 748, Басра) — яке аз мутакаллимон ва бунёдгузорони муътазила.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Муддате дар Басра шогирди Ҳасани Басрӣ буд ва дар маҷлиси дарси ӯ иштирок мекард. Дар он ҳангом мардум дар бораи мусулмонони гунаҳкор гуфтугузор мекарданд ва азориқа соҳибони гуноҳи кабираро кофир мешумурданд. Аз нигоҳи Ҳасани Басрӣ ва ҷумҳури аҳли суннат мусулмоне, ки ба ягон гуноҳи бузург даст задааст, агар ба Худо ва китобҳои осмонӣ имон дошта бошад, фосиқ аст ва бинобар фисқаш аз имону ислом хориҷ намешавад. Аммо Восил ибни Ато гуфт, ки мусулмони фосиқ на муъмин аст ва на кофир, балки дар миёни он ду ҷой дошта, фисқ мартабаи байни имон ва куфр аст. Ҳасани Басрӣ барои чунин суханон Восил ибни Ато-ро аз маҷлиси худ ронд. Восил ибни Ато аз ҷамъият канора гирифта, дар бари сутуне аз сутунҳои масҷиди Басра нишаст. Аз ҳамон рӯз пайравонаш ба «муътазила» («канорагирифтагон») маъруф шуданд.
Восил ибни Ато ҳеч кадоме аз ҷонибҳои даргирро дар ҷангҳои Ҷамал (656) ва Сиффин (657) ба таври мушаххас гунаҳгор надониста, бар хилофи хавориҷ ва мурҷиа дар ин маврид мавқеи таваққуфро ишғол намуд ва гуфт, ки бояд яке аз он ду даста фосиқ бошанд, вале инро наметавон дуруст (би айниҳи) дақиқ кард.
Восил ибни Ато ба каломи муътазилӣ оғоз бахшида, ба илоҳиёти муътазила замина гузошт. Андешаҳои худошиносии ӯ дар заминаи усули хамсаи муътазила қарор гирифтанд. Восил ибни Ато бар зидди мушаббиҳа баромада, таъбирҳои қуръониро дар ин маврид таъвил менамуд. Чунончи, ба андешаи ӯ, таъбири «бо дастони Худ офарид» ба маънои «ба ҳукми Худ» аст, ҳамон тавре ки дасткушодӣ рамзи саховат ва дасти баста рамзи бахилӣ аст. Ба қавли Муҳаммади Шаҳристонӣ, таълимоти Восил ибни Ато ва пайравонаш дар бораи сифоти илоҳӣ таҳти таъсири бевоситаи аҳкоми масеҳии Юҳаннои Димишқӣ ва фалсафаи юнонӣ қарор дошт. Тибқи маълумоти Ҷоҳиз, Восил ибни Ато нахустин касест, ки гурӯҳҳои мулҳидон, хавориҷ, ғулоти шиа ва ҳашвияро табақабандӣ кардааст.
Восил ибни Ато осори зиёд тасниф намудааст. «Аснофи мурҷиа», «ал-Манзилату байна-л-манзилатайн», «ат-Тавҳиду ва-л-адл», «Маъонӣ-л-Қуръон», «Табақоту аҳли-л-илми ва-л-ҷаҳл», «ас-Сабилу ило маърифати-л-ҳақ» аз ҷумлаи таснифоти ӯянд. Асари ахир дар таърихи фиқҳи исломӣ нақши муассир дошта, дар он Восил ибни Ато чор тарз (вуҷуҳ)-и маърифати ҳақро муайян намуд: тавассути Китоби нотиқ, хабари муҷмаъ алайҳ, ҳуҷҷати ақл, иҷмоъи уммат.
Восил ибни Ато фасоҳати беназир дошт, вале ҳарфи «р»-ро «ғ» талаффуз мекард, аз ин рӯ ҳангоми гуфтугӯ калимаҳоеро, ки ҳарфи «р» доштанд, истифода накарда, ба ҷои онҳо дигар калимаҳои муродифашонро ба кор мебурд. Пайравони Восил ибни Ато дар маъхазҳо бо номи восилия низ ёд мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 AA.VV. Encyclopaedia of Islam, Encyclopédie de l’Islam (фр.) — 1913.
- ↑ Encyclopædia Britannica (ингл.)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ислам: Энциклопедический словарь. М., 1991;
- Ализаде А. Исламский энциклопедический словарь. М., 2007;
- محمد بن عبد الكريم شهرستاني. الملل و النحل (ترجمۀ فارسی افضل الدین صدر ترکه). تهران،
- 1321 عبد القاهر البغدادى. الفرق بين الفیرق. القاهرة ، 1948؛
- ابو سعيد نشوان الحميرى. الحور العين. القاهرة، 1948؛
- محمد جواد مشكور. فرهنگ فرق اسلامی. چاپ سوم. مشهد، 1375 ش.ر
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Восил ибни Ато / С. Маҳмадуллоҳ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.