Jump to content

Гватемала

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Гуатемала)
Гватемала
исп. República de Guatemala
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Шиор: «Libre Crezca Fecundo (Шаблон:Tr-es
Суруди миллии Гватемала
Забонҳои расмӣ испониёӣ[2]
Пойтахт Гватемала
Воҳиди пул Квентзали Гватемала
Интернет-домен .gt
Рамзи ISO GT
Рамзи КБО GUA
Пешшумораи телефон +502
Минтақаи замонӣ UTC−06:00[d] ва America/Guatemala[d][1]

Гватема́ла (исп. Guatemala), Ҷумҳурии Гватемала (исп. República de Guatemala [reˈpuβlika ðe ɣwateˈmala]) — давлат дар Амрикои Марказӣ. Аз шимол ва ғарб бо Мексика, аз шимол ва шарқ бо Белиз, аз ҷануб бо Салвадор, аз ҷанубу шарқ бо Ҳондурас ҳамсарҳад аст. Дарозии умумии хатти сарҳад ба хушкӣ 1687 км. Дар шарқ ба Халиҷи Ҳондураси баҳри Кариб ва дар ҷануб ба уқёнуси Ором роҳи баромад дорад. Дарозии хатти сарҳадди соҳилӣ — 400 км. Масоҳаташ 108,9 ҳазор км2. Аҳолиаш 15,8 млн нафар (2014). Пойтахташ — шаҳри Гватемала. Аз ҷиҳати маъмурӣ Гватемала ба 22 департамент тақсим шудааст. Ҷашни миллӣ — Рӯзи истиқлол (15 сентябр). Пули миллӣ — кетсал (1 доллари ИМА — 7,65 кетсал).

Сохти давлатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гватемала — ҷумҳурии дунявии президентӣ. Конститутсияи амалкунанда 31 майи 1985 қабул шуда, 14 январи 1986 ҳукми қонунӣ гирифт. Сарвари давлат ва ҳукумати Гватемала — Президент, ки тариқи раъйпурсии мустақими умумихалқӣ ба муҳлати 4 сол интихоб мешавад. Мансаби сарвазир низ вуҷуд дорад. Мақоми олии қонунгузор — Парламенти якпалатаӣ (Конгресси Ҷумҳурӣ), ки 158 намоянда дорад (ба муҳлати 4 сол интихоб мешаванд). Ҳокимияти иҷроия ба Шӯрои Вазирон мансуб аст, ки аз ҷониби Президент таъйин мешавад. Ҳокимияти олии судиро Суди Конститутсионӣ (5 нафар) ва Суди Олӣ (13 нафар), ки ба муҳлати панҷ сол интихоб мешаванд, амалӣ менамоянд. Гватемала узви СММ, ЮНЕСКО, як қатор созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, Интерпол, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Гурӯҳи-77 мебошад. Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо Гватемала 22 августи 2006 барқарор шудаанд.

Гватемала кишвари кӯҳсор аст. Нисфи ҳудуди онро кӯҳҳои баландиашон 1000-3000 м фаро гирифтаанд. Дарёҳои бузургтаринаш Мотагуа, Сарстун, Полочик. Дар ҷанубу ғарб қ-кӯҳи Серра-Мадре ҷойгир аст, ки дар он вулканҳои ҷавони Тахумулко (4217 м — баландтарин нуқтаи Амрикои Марказӣ), Такана (4117 м), Акатенанго (3975 м), Фуэго (3835 м), Санта-Мария (3722) вуҷуд доранд. Гватемала дорои сарватҳои зеризаминии зиёд, аз ҷумла никел, тило, нуқра, мармар, нафт мебошад. Захираҳои собитшудаи нафт 71,7 млн т, гази табиӣ 3,1 млрд м3, тило (дар ғарби Уэуэтенанго) 16,43 млн т. Дар Эл-Эстор, Сечол ва минтақаи кӯли Исабел кони никел мавҷуд аст (захираҳои кашфшуда 3,34 млн т). Иқлими Гватемала тропикӣ буда, бодҳои пассатӣ (дар шимолу шарқ) ва муссонӣ (дар ҷанубу ғарб) мевазанд. Боришоти миёнаи солона 2000-3500 мм буда, бештар дар соҳилҳои баҳри Кариб ва пуштакӯҳи Петен ба назар мерасад. Ҳарорати миёнаи моҳона дар пастхамиҳо аз 23°С то 27°С, дар доманакӯҳҳо аз 15°С то 20°С, дар водиҳои байникӯҳӣ аз 11°С то 16°С ва дар баландкӯҳҳо аз 4°С то 10°С мебошад. Беш аз 35 дарсади ҳудуди Гватемала ҷангалзор аст, ки дар он беш аз 8,6 ҳазор навъи рустаниҳо, аз ҷумла 800 навъи дарахт мавҷуд аст. Дар шимол ҷангалҳои ҳамешасабзи тропикӣ, дар кӯҳсор бешаи дарахтони булут ва санавбар, дар ҷануб бешаи дарахтони хазонрез, савана ва буттазор паҳн шудаанд. Олами ҳайвоноти Гватемала ғанӣ буда, дар он беш аз 200 навъи ҳайвоноти ширхӯр ба ҳисоб гирифта шудааст. Дар ҷангалҳо ва даштҳо (саваннаҳо) маймунҳои паҳнбинӣ, пума, юзи ало, тапир, ҷайра вомехӯранд, дар минтақаҳои камаҳолӣ оҳувон, гуроз, игуанҳо зиёданд, наздики 680 навъи паранда — навъҳои гуногуни тӯтӣ, колибри, кетсал мавҷуд аст. Кетсал ба рамзи миллӣ табдил ёфта, дар нишону парчам акс ёфтааст, воҳиди пули Гватемала ба номи он гузошта шудааст. Масоҳати минтақаҳои махсус ҳифзшаванда (аз ҷумла, боғҳои миллӣ) — 27,5 ҳазор км2. Бузургтарини он (14 ҳазор км2) — парваришгоҳи биосферии Майя дар шимоли Петен, дар сарҳадди Мексика воқеъ буда, ба Рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудааст. Буридани ҷангал, эрозияи хок, олудашавии муҳит дар маҳалҳои истихроҷи сарватҳои табиӣ аз масоили экологӣ ва оташфишонии вулканҳо (Фуэто, Санта Мария, Атитлан — фаъол), заминҷунбӣ, тӯфонҳои тропикӣ дар соҳилҳои Атлантика (июн-октябр) ва баҳри Кариб аз хатарҳои асосии табиии Гватемала мебошанд.

Қисми бештари аҳолиро (60 %) ладино — дурагаҳои испанизабон, авлоди испаниҳо ва ҳиндуҳо ташкил медиҳанд. Наздики 39 дарсади аҳолӣ халқиятҳои муқимии ҳиндуии марбут ба оилаи забонии майя-соке мебошанд. Ҳамагӣ дар Гватемала 21 гурӯҳи этникии ҳиндуҳои майя (сершумортаринашон қабилаҳои киче, кекчи, какчикел, мам) мавҷуданд.

Забони расмии Гватемала — испанӣ. Дар Гватемала беш аз 20 забони майя истифода мешавад, ки бо он ҳиндуҳои деҳот гуфтугӯ мекунанд, 73 дарсади аҳолӣ пайрави мазҳаби католикӣ ва 11 дарсади он муътақидони равияи протестантизманд, Дар Гватемала дарозумрӣ ба ҳисоби миёна 70 (мардҳо — 69, занҳо — 73) сол мебошад. Суръати миёнаи афзоиши аҳолӣ — 3 %, таваллуд 35 %, фавт 6 %, фавти навзодон ба ҳар 1000 нафар 31 кӯдак (2013). Сабаби афзоиши фавт бемориҳои сироятӣ, сил ва ҳодисаҳои нохуш мебошанд.

Дар садаи II то м. дар ҳудуди Гватемала қабилаҳои ҳинду зиндагӣ доштанд, ки бо шикор ва моҳигирӣ машғул буданд. Дар охири садаи II то м. аввалин маҳалҳои аҳолинишин ва кишоварзӣ пайдо шуданд. Гватемала яке аз марказҳои асосии пайдоишу инкишофи тамаддуни оламшумули майя мебошад. Дар садаи I то м. шаҳр-давлатҳои майя — Тикал, Эл Мирадор, Накбе, Куипигуа, Калакмул пайдо шуданд. Тадриҷан қабилаҳои майя дар минтақаҳои васеъ, ки ғайр аз Гватемала ҳудуди Ҳондурас, Белиз ва Мексикаи Ҷанубиро фаро мегирифтанд, сокин шуданд. Онҳо ба фарҳанги халқҳои ҳинду ва тамаддунҳои Амрикои Марказӣ таъсири бузург расонданд. Давраи шукуфоии онҳо ба солҳои 250—900 рост меояд. Вале дар садаи X онҳо таназзул ёфтанд, шаҳрҳоро тарк карда, ба шимол, ба нимҷазираи Юкатан кӯч бастанд. Дар солҳои 1520-30 авлоди бунёдгузорони тамаддуни майяро истилогарони Испания ба худ тобеъ карданд. 15.9.1821 Маҷлиси намояндагони аҳолии креолии шаҳри Гватемала эъломияро дар бораи истиқлоли Гватемала аз Испания қабул кард. Январи 1822 Гватемала ба Мексика ҳамроҳ шуд. Аз соли 1839 ҷумҳурии мустақил. Баробари тараққии хоҷагиҳои плантатсионӣ дар Гватемала муносибатҳои капиталистӣ низ ба вуҷуд омаданд. Ҳукуматҳои либералӣ солҳои 1873-98 якчанд ислоҳот анҷом доданд, ки онҳо барои рушди иқтисодиёти мамлакат ёрӣ расонда, таъсири калисоро маҳдуд карданд. Аммо дар Гватемала авҷи монополияҳои амрикоӣ оғоз ёфта, беҳтарин бешазорҳо, роҳҳои оҳан ва бандарҳои асосиро соҳиб мешуданд. Солҳои 20 садаи XX дар мамлакат ҳаракати озодихоҳии миллӣ вусъат ёфт. Соли 1931 ба сари ҳокимият Х. Убико омада, мамлакатро ба ИМА тобеъ гардонд. Ҳаракати озодихоҳии миллӣ дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-45) вусъат ёфта, диктатураи Убикоро сарнагун сохт. Ҳизби халқӣ-озодихоҳӣ ба сари ҳукумат сиёсатмадори ислоҳотчӣ Х. Х. Аревало (1944-54)-ро овард. Марти 1945 конститутсияи демократӣ қабул гардида, ислоҳоти аграрӣ баргузор шуд ва озодиҳои демократӣ барқарор гардиданд. Оғози «ҷанги сард» муносибати байни Гватемала ва ИМА-ро муташанниҷ гардонд. Чунин вазъият боиси ба сари ҳокимият омадани Х. Арбенс Гусман (1951-54) гардид. Вале ҳукуматҳои баъдӣ давлати Гватемала-ро аз сари нав ба монополияи ИМА табдил доданд. Махсусан дар давраи ҳукмронии К. М. Арана Осорио (1970-74) нуфузи монополияҳои амрикоӣ афзуд. Айни замон Президенти Гватемала Отто Перес Молина ва сарвазири он Роксана Балдетти мебошад. Ҳизбҳои бонуфузтарини Гватемала — Иттиҳоди сотсиал-демократии миллии умед, Ҳизби ватанхоҳ, Иттиҳоди бузурги миллӣ, Ҷабҳаи ҷумҳурихоҳи Гватемала.

Аз рӯйи ҳаҷми истеҳсолот Гватемала дар байни кишварҳои Амрикои Марказӣ мавқеи намоён дорад. Ҳаҷми ММД 62,78 млрд доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки 22,7 дарсади он ба соҳаи кишоварзӣ, 18,8 % ба ҳиссаи маҳсулоти саноат, 58,5 дарсади он ба соҳаи хидматрасонӣ ва дигар соҳаҳо рост меояд. Гватемала дар истеҳсол ва содир намудани қаҳва, қанд, банан ва шириниҳо афзалият дорад. Дар соҳаи хидматрасонӣ тиҷорат мавқеи бештар дорад, рушди телекоммуникатсия ва сайёҳӣ низ чашмрас аст. Дар иқтисодиёт соҳаи хусусӣ афзалият дорад (85 % ММД). Соҳаҳои асосии саноат: хӯрокворӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ ва пойафзор. Корхонаҳои хурди косибӣ ҳастанд. Дар саноат соҳаи коркард мавқеи намоён дошта, истеҳсоли солонаи нафт 1,1 млн т-ро ташкил медиҳад, инчунин никел, тило ва нуқра истихроҷ мешавад. Асоси иқтисодиёти Гватемала-ро кишоварзӣ ташкил медиҳад. Дар он рустанипарварӣ афзалият дорад (найшакар, банан, қаҳва). Аз тамоми заминҳои кишоварзӣ киштзор 1905 ҳазор га, марғзору чарогоҳ 2602 ҳазор га, заминҳои обёришаванда 130 ҳазор га-ро ташкил медиҳад. Асосан ҷуворӣ, лӯбиё, картошка, шолӣ парвариш мекунанд. Маҳсулоти асосии содиршаванда — қаҳва дар заминҳои серҳосили соҳили уқёнуси Ором — музофоти Пйедмонт парвариш карда мешавад.

Соҳаи нақлиёт хеле суст рушд ёфтааст ва ин яке аз омилҳои боздорандаи инкишофи иқтисодии кишвар мебошад. Дарозии умумии р. о. — 884 км. Хатти роҳи оҳани асосие, ки бандари баҳрикарибии Пуэрто-Барриосро бо бандари Сан-Хосеи уқёнуси Ором мепайвандад, аз Гватемала мегузарад. Боркашонӣ асосан тавассути нақлиёти худрав сурат мегирад. Дарозии умумии роҳҳои автомобилгард — 14,1 ҳазор км, ки аз он танҳо 4,9 ҳазор км бо пӯшиши сахт фарш шудаанд. Дар Гватемала 450 фурудгоҳ мавҷуд аст. Бузургтарини онҳо фурудгоҳи байналмилалӣ — дар шаҳри Гватемала («Ла-Нурора») ва Флорес буда, соле тақр. 500 ҳазор мусофир мекашонад. Дарозии кӯлу дарёҳои киштигард 990 км аст. Д. бузургтарини киштигард — Мотагуа. Дарозии лӯлаҳои интиқоли газу нафт — 480 км. Савдои берунии Гватемала суст тараққӣ кардааст; ҳаҷми содирот 3,94 млрд ва воридот 7,4 млрд доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Сайёҳӣ дар иқтисодиёти Гватемала аҳаммияти бузург дошта, ба буҷаи мамлакат даромади зиёд меорад. Гватемала асосан қаҳва, найшакар, банан (муз), кардамон, маҳсулоти кимиёӣ (маводди ороиши рӯй (косметика), доруворӣ, маснуоти пластмассӣ) ва нафт содир карда, аз хориҷа худрав, таҷҳизот, маҳсулоти нафтӣ, нуриҳои минералӣ, гандум, ҷуворӣ ва лӯбиё ворид мекунад. Шарикони асосии тиҷоратии Гватемала ИМА, Салвадор, мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо, Ҳондурас, Никарагуа, Коста-Рика ва Мексика мебошанд. Маориф ва илм. 69,1 дарсади аҳолӣ (аз 15-сола боло) босаводанд. Дар Гватемала таълими ҳатмии ройгон барои кӯдакони 7-14-сола ҷорӣ шудааст. Ба соҳаи маориф мактаби ибтидоӣ (таҳсил 6 сол), мактаби миёна (5 сол), мактаби касбӣ-техникӣ дохил мешаванд. Мактабҳои олии Гватемала: Донишгоҳи давлатии Сан-Карлос (1676), донишгоҳҳои хусусии католикӣ — Рафаэл Ландивар (1961), Дел Валие, Маркамо Галвес, консерватория. Шӯрои миллии таҳқиқоти илмӣ ва техникӣ муассисаҳои илмиро роҳбарӣ мекунад. Муассисаҳои бузургтарини илмӣ: Академияи забонҳо (1887), Академияи ҷуғрофиё ва таърих (1923), Академияи илмҳои тиббӣ, физикӣ ва табиӣ (1945). Тандурустӣ. Барои соҳаи тандурустӣ 5,4 дарсади ММД-и мамлакат сарф мешавад. 60 дарсади аҳолӣ ба ёрии тиббии доимӣ дастрасӣ доранд. Дар Гватемала бемориҳои вараҷа, табларзаи тропикӣ, сил ва бемориҳои сироятӣ зиёд паҳн шудаанд. Дар Гватемала наздики 1500 муассисаи табобатии давлатӣ, аз ҷумла 67 беморхона, 319 маркази тиббӣ, 97 бунгоҳи тиббӣ мавҷуд аст, муассисаҳои хусусӣ низ ҳастанд. Ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ 95 духтур рост меояд. Марказҳои бузургтарини омӯзиши тиббӣ дар донишгоҳҳои пойтахт ҷойгиранд.

Кумитаи олимпии Гватемала соли 1947 ташкил ва аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ эътироф шудааст. Навъҳои нисбатан паҳншудаи варзиш: футбол, куштигирӣ, бокс, велосипедронӣ, варзиши сабук ва вазнбардорӣ. Варзишгарони Гватемала дар Бозиҳои олимпии соли 1952 ширкат доштанд. Комёбии чашмрасро дастаи яккачини футболи Гватемала дар Бозиҳои олимпии солҳои 1968, 1976 ва 1988 ба даст овардааст. Адабиёт. Имрӯз адабиёти Гватемала асосан ба забони испанӣ инкишоф меёбад. Вале дар даврони қабл аз истилои испаниҳо сокинони маҳаллӣ асарҳои зиёди хаттӣ эҷод намуда буданд, ки қариб пурра аз ҷониби испаниҳо нобуд карда шуданд. Катибаҳои иероглифии бозмонда шаҳодат медиҳанд, ки майя асотир ва афсонаҳои хеле зиёд доштааст. Китоби муқаддаси майя «Попол-Вук», ки ба забони киче ба хатти лотинӣ дар солҳои 1554-58 китобат шудааст, дар бораи пайдоиши олам, асосҳои ахлоқ маълумот медиҳад. Ба забони киче «Аннали какгикелен» (сабти садаи XVII) ва драма — балети «Рабинал-Аги» (сабти садаи XIX) навишта шудаанд. Дар садаи XIX бештар шоири романтик Х. Батрес Монтуфар, муаллифи достонҳои таърихӣ Х. Миля-и-Видаурре, намояндагони модернизм — шоирону нависандагон М. Сомо Холл, Э. Гомес Каррилйо, Р. Аревало Мартинес, С. Браняс, дар садаи XX шоир ва нависанда Ф. Эрера (эҷодиёти ӯ ба тавсифи зиндагии ҳиндуҳои амрикоӣ бахшида шудааст), шоираҳо А. Акуня, А. М. Родас, К. Матуте бо эҷодиёти хеш маъруф гардида буданд. Нависандаи машҳури муосир М. А. Астуриас аввалин нависандаи Амрикои Лотинӣ аст, ки сазовори мукофоти Нобел гаштааст (1967). Нависанда Р. Менчу Тум (мукофоти Нобел, 1992), ба шарафи халқи майя киче китоби «Маро Ригоберта Менчу меноманд»-ро навиштааст (1983).

Меъморӣ ва санъати тасвирӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҳудуди Гватемала ёдгориҳои қадимии мутааллиқ ба садаи I то м. тамаддуни майя боқӣ монданд. Ёдгориҳои таърихии шаҳрҳои қадимии майя Тикал ва Киригуа шуҳрати ҷаҳонӣ дошта, ба Рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудаанд. Дар шаҳри Тикал 6 ҳарами осмонбӯс, 16 маъбад, қасрҳо, хонаҳои зиёди хусусии дорои нақшунигори куҳан, кандакории рӯйи чӯбу оҳан мавҷуданд. Шумори зиёди аҳромҳо, маъбадҳо, қасрҳо ва инчунин маснуоти мухталифи дастисохти ҳиндуҳо дар шаҳрҳои қадимии Эл-Мирадор, Васиактун, Закулед, Сивал, Акуатек ва Дос-Пилас ҳифз ва нигаҳдорӣ шудаанд. Фарҳанги ороишии халқҳои ҳиндуи Гватемала-ро айни замон асбобу олоти мухталифи дастисохт ташкил медиҳанд. Дар Осорхонаи миллии бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ намунаҳои зиёди беҳтарин мавҷуданд. Анъанаҳои маросимӣ ва мусиқӣ дар Осорхонаи Каса-К’Охом гирдоварӣ шудаанд. Маркази дӯхтани либосҳои анъанавии ҳиндуёни Гватемала деҳаи Зунили наздики Кесалтенанго мебошад. Ёдго-рии асосии меъморӣ ва фарҳангии даврони мустамликадорӣ шаҳри Антигуа-Гватемала, пойтахти қадимии кишвар мебошад, ки ба шаҳр-осорхона табдил шудааст. Биноҳои қадимии ин шаҳр ба асрҳои 16-18 тааллуқ доранд. Ёдгориҳои дигари давраи мустамликадорӣ: қалъаи Сан Фелипс (асри 16), маҷмӯи биноҳои шаҳри Рио-Дулче дар шимолу шарқи кишвар (1780). Намунаҳои меъмории пасомустамликавӣ (асрҳои 19-20); маҷмӯи биноҳои Майдони марказии Гватемала бо Қасри миллӣ ва калисои кафедралӣ, сохтмону биноҳои шаҳри Куҳна дар шаҳри Гватемала, маҷмӯи биноҳои қисмати марказии шаҳри Кесалтенанго мебошанд.

Санъати тасвирӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар садаи XX таҳти таъсири анъанаҳои фарҳангии кишварҳои ҳамсоя мактабҳои ҳайкалтарошӣ ва рассомӣ ба вуҷуд омаданд. Намояндагони шинохтаи он рассомон А. Галвес Суарес, К. Мерида, Галярдо, Е. Ресимос, ҳайкалтарош Р. Гойри ва дигарон мебошанд.

Осорхонаҳо ва китобхонаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар шаҳри Гватемала Осорхонаи миллии таърих ва саноеи нафиса, Осорхонаи миллии бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, Осорхонаи санъат ва касбу кори халқӣ, Осорхонаи Қувваҳои мусаллаҳи Г; дар Антигуа-Гватемала осорхонаи санъати давраи мустамликадорӣ мавҷуданд. Китобхонаи миллии Гватемала соли 1879 дар шаҳри Гватемала бунёд шудааст.

Рӯзномаҳои нисбатан маъмули шаҳри Гватемала: «Siglo XXI», «Prenca libre» (1951), «El Grafico» (1963), рӯзномаи бегоҳирӯзии «Hora» (1944), Бюлеттени давлатии «Diatio de centroamerica» (1980), Оҷонсии давлатии иттилоотии «Inforpress Centro americana» мебошанд. Радиошунавонии мунтазам аз соли 1930, телевизион аз соли 1956 амал мекунад, 20 пойгоҳи радиоии давлатӣ ва хусусӣ (5 шабакаи умумимиллӣ ва 4 хусусӣ) фаъолият доранд.

  1. 1.0 1.1 https://data.iana.org/time-zones/tzdb-2021e/northamerica
  2. 143 // Конституция Гватемалы
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (2). М. 2008;
  • Страны мира. Современный справочник. М., 2008.