Jump to content

Гулбаҳор Шокирова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гулбаҳор Шокирова
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 12 май 1984(1984-05-12) (40 сол)
Зодгоҳ
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхон, навозанда, омӯзгори мусиқӣ
Соз дутор
Ҳамкорӣ Ансамбли давлатии «Шашмақом»
Ҷоизаҳо

Гулбаҳор Шокирова (Шокирова Гулбаҳор Рустамовна; зод. 12 майи 1984, Ӯротеппа, вилояти Ленинобод) — овозхон ва навозандаи тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2023)[1].

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Гулбаҳор Шокирова 12 майи соли 1984 дар шаҳри Ӯротеппа ба дунё омадааст. Соли 2000-ум синфи рубобро дар шуъбаи созҳои халқии мактаби санъати бачагонаи шаҳри Истаравшан ба итмом расонда баъдан, солҳои 2000—2004 дар шуъбаи торию камонӣ — асбоби скрипкаи Омӯзишгоҳи ҳунари Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд таҳсил намуда, онро бо ихтисоси ҳунарпешаи ансамбл, омӯзгори асбоби скрипка ва роҳбари ҳайати худфаъолиятӣ ба итмом расонд. Соли 2007 ба шуъбаи мут­рибони анъанавии Консерваторияи миллии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси дуторнавозӣ дохил шуда соли 2012 онҷоро ҳамчун ҳунарпешаи ансамбл ва омӯзгор хатм кард[2].

Корнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Гулбаҳор Шокирова фаъолияташро ба ҳайси овозхон ва думбранавози ансамбли фолклорӣ-этнографии «Фалак»-и вилояти Суғд ва овозхони ансамбли эстрадии «Садои Суғд» идома бахшид. Ӯро соли 2011 ба ансамбли «Дарё» ба кор пазируфтанд. Тӯли 6 сол вай аз устодон Саидқул Билолов, Қурбоналӣ Абдуллоев, Лола Азизова, Муҳаррама Шарифова ва дигарон нозукиҳои сурудҳои халқиро омӯхт ва мустақилона ба эҷоди суруд пардохт.

Гулбаҳор Шокирова аз соли 2017 ҳунарпешаи Ансамбли давлатии «Шашмақом» аст[2].

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]