Лола Азизова
Лола Азизова | |
Таърихи таваллуд | 23 феврал 1963 (61 сол) |
Зодгоҳ | деҳаи Зарафшон, ноҳияи Ҷаббор Расулов ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | сарояндаи Ансамбли «Дарё» |
Навъи садо | сопранои лирикӣ |
Ҷоизаҳо | Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1997), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2009). |
Лола Азизова — овозхон ва сарояндаи “Шашмақом” ва дастаи ҳунарии «Дарё», Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1997), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2009).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Лола Азизова дар деҳаи Зарафшон, ноҳияи Ҷаббор Расулов, вилояти Суғд ба дунё омадааст. Ӯ фориғуттаҳсили Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхон (Хуҷанд, 1982), Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (факултаи мусиқии тоҷик-мусиқии суннатӣ, 1987). Лола Азизова солҳои 1982-1987 овозхони дастаи бонувони рубобии Филармонияи давлатии Тоҷикистон, сарояндаи ансамбли мақомхонони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1987-1989) ва аз соли 1989 то кунун дар дастаи ҳунарии «Дарё» ба сифати сароянда хидмат намуда, дар рушди мусиқии мардумӣ ва касбии тоҷик саҳми хоса дорад.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Лола Азизова таснифоти мусиқии оҳангсозону мусиқии мардумию классикии тоҷик ва мардумони шарқро бо лаҳни зебо ва сабки мавзун иҷро мекунад. Санъати овозхониро дар Институти давлатии санъати Тоҷикистон назди Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон Барно Исҳоқова омӯхта, минбаъд аз дигар донандагони мусиқӣ нозукиҳои овозхонии суннатиро андӯхта, маҳора-ти иҷроияшро такмил додааст. Азизова бахш, гӯшаҳои овозии «Шашмақом»-ро бо лаҳни муассири иҷроияш («Соқиномаи Савти Калон», «Чоргоҳ», «Ним-чупонӣ» ва ғайра) фаро гирифта, маҷмӯи таронаҳои халқию касбии «Афсонаи ишқ», «Тоҷикистон», «Нилуфар», «Рубоиҳои саргаҳи Зарафшон», «Наврӯз», «Ганҷи дил», «Шаби борон», «Алла» ва ғайраро рангину мавзун сурудааст. Ӯ иштирокдори чандин ҷашнвораҳои ҳунарӣ, рӯзҳои фарҳанги тоҷик дар мамолики Осиёи Марказӣ ва Шарқу Ғарб буда, барои маҳорати баланди иҷроияш ва саҳми хосааш дар рушду тарғиби санъати тоҷикон, мардумони шарқ бо ифтихорномаю ҷоизаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шудааст. Лола Азизова иштирокчии чандин ҷашнвораҳои ҳунарӣ, рӯзҳои фарҳанги тоҷик дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Шарқу Ғарб буда, дар рушду тарғиби санъати тоҷикон ҳиссагузор аст.[1].[2]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Таджикская музыка. - Душанбе, 2003.
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. – С. 26 ISBN 978-99947-49-13-3
- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 13 -14. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2