Гулшан (деҳа, н. Фархор)
Деҳа | |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Фархор |
Ҷамоат | Деҳоти Гулшан |
Координатаҳо | 37°34′21″ с. ш. 69°25′43″ в. д.HGЯO |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | 5868 нафар (2017) |
Ҳайати миллӣ | тоҷикон |
Ҳайати динӣ | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Коди телефон | +992 3316 |
Нишонаи почта | 735140 |
Коди мошин | TJ03 |
Гулшан — деҳа дар ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор. Аз Гулшан то маркази ноҳия 7 км; роҳ‒асфалтпӯш. Аҳолиаш 5868 нафар (2017), тоҷикон.
Мардум[вироиш | вироиши манбаъ]
Қисми зиёди аҳолиаш солҳои 1955-56 бо мақсади обод кардани заминҳои бекорхобида ва рушди пахтакорӣ аз ноҳияи Балҷувон ба ин деҳа кӯчонда шудаанд.
Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]
Гулшан мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 16 нуқтаи савдои хусусӣ, қасри фарҳанг, толори кино, 2 сартарошхона, 2 дорухона, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, бозор, 2 корхонаи дӯзандагӣ, дукони нонпазӣ, ҳаммоми замонавӣ, мағозаи китобфурӯшӣ, беморхона, 2 осиёби барқӣ ва масҷиди ҷомеъ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, ғаллакорӣ ва пахтакорӣ. Дар ҳудуди деҳа 231 хоҷагии хурди деҳқонӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии «Комил», «Шаҳриёр», «Чилтан» ва «Дашти Ангора» мавҷуд аст. Заминҳо аз дарёи Панҷ тавассути пойгоҳи обкашӣ обёрӣ мешаванд.
Шахсиятҳои маъруф[вироиш | вироиши манбаъ]
Шоир Гадомад Султонов, сарвари бригадаи хидматнишондода Қудратулло Иззатуллоев, собиқ вакили Шӯрои Олии ИҶШС, механизатори пешқадам ва қаҳрамонмодар Мевагул Ғозиева, собиқадор ва аълочии маориф Одина Пирӣ дар ҳамин деҳа таваллуд шудаанд.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
- Гулшан // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2