Дарвеш Муҳаммад

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дарвеш Муҳаммад
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Таърихи таваллуд: 6 феврал 1444(1444-02-06)
Таърихи даргузашт: 4 ноябр 1562(1562-11-04) (118 сол)
Устодон: Зоҳиди Вахшӣ
Вироиши Викидода

Шайх Муҳаммад Дарвеши Самарқандӣ (форсӣ: شيخ محمد درويش سمرقندی‎; 6 феврал 14444 ноябр 1562) — сӯфӣ, ориф ва яке аз намоядагони тариқати нақшбандия, хоҳарзодаи шайх Муҳаммад Зоҳиди Самарқандӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дарвеш Муҳаммад даст иродат ба Хоҷа Аҳрор дода ва иҷозаи хилофатро аз Шайх Муҳаммади Зоҳид гирифта буд ва дар қаряи Амкина сукунат дошт ва дар кунҷи узлат машғули риёзат буд. Вай солиёни дароз дар хидмати Шайх Муҳаммади Зоҳид буд ва пас аз даргузашти ин пир халифаву ҷонишини ӯ шуд ва дорои пайравони бисёр буд, аз ҷумлаи онон шайх Муҳаммад Хоҷагии Амкинагӣ аст[1].

Даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

Вафоти Шайх Муҳаммади Дарвеш дар сол 970 ҳиҷрӣ иттифоқ уфтод.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]