Алоуддини Аттор
Алоуддини Аттор | |
---|---|
араб. ар. الشيخ علاء الدين عطار بخاری الخوارزمي قدس الله سره | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | илоҳиётшинос |
Таърихи таваллуд: | 1318 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 26 март 1400 |
Маҳалли даргузашт: | |
Эътиқод: | ислом, суннӣ, тасаввуф ва нақшбандия |
Самти фаъолият: | тасаввуф ва нақшбандия |
Устодон: | Баҳоуддини Нақшбанд |
Шогирдон: | Мавлоно Яъқуби Чархӣ ва Алӣ ибни Муҳаммади Ҷурҷонӣ |
Вироиши Викидода |
Хоҷа Алоуддини Аттор (форсӣ: خواجه علاءالدین عطار; 1318, Бухоро — 26 март 1400, Бухоро) — ориф ва сӯфии форс-тоҷик, яке аз пешвоёни тариқати нақшбандия, муриди Баҳоуддини Нақшбанд.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҳаммад ибни Муҳаммад Алоуддини Бухорӣ аслан аз Хоразм мебошад. Падараш Хоҷа Муҳаммад соҳиби се фарзанд буд: Хоҷа Шиҳобуддин, Хоҷа Муборак ва Хоҷа Алоуддин. Хоҷа Алоуддин баъд аз вафоти падар ҳақи меросияшро ба бародаронаш гузошт. Шайх Муҳаммад барои таҳсили илм ва касби фазоили маънавӣ роҳии Бухоро шуд ва ба хидмат Баҳоуддини Нақшбанд расид ва дар силки муридони ӯ қарор гирифт, то онҷо, ки ёр ва мусоҳиб пири худ гашт ва баъд аз ӯ ҷонишини устод шуд ва симмати иршод ёфт[1].
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Хоҷа Алоуддин Аттор 20 раҷаби соли 802 ҳиҷрӣ (1400 мелодӣ) шаби чоршанбе баъд аз намози хуфтан аз олам даргузашт. Қабри эшон дар шаҳри Данов, вилояти Сурхондарёи кишвари Узбакистон ҷойгир аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ شيخ محمد علاءالدين عطار بخاری قدّس سرّه - چهره های ماندگار - مطالب سایت - erfanabad.org. www.erfanabad.org. 19 Декабри 2023 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- ʿAlāʾ al-Dīn ʿAṭṭār Bukhārī // Encyclopaedia Islamica : [англ.]. — Leiden : E.J. Brill, 2015.