Абулҳасани Харақонӣ
Абулҳасани Харақонӣ | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | ориф |
Таърихи таваллуд: | 963[1] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 5 декабр 1033 |
Маҳалли даргузашт: | |
Маҳалли дафн: | |
Кишвар: | |
Эътиқод: | ислом |
Самти фаъолият: | тасаввуф |
Шогирдон: | Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ |
Вироиши Викидода |
Шайх Абулҳасан Алӣ ибни Аҳмади Харақонӣ (форсӣ: ابوالحسن علی بن جعفر بن سلمان بن احمد خرقانی; ? — 1034) — ориф, шайхи мутасаввиф ва шоири форс-тоҷик. Устоди Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз таҳсили улуми мутадовила ва расидан ба иршод ба умури тасаввуф машғул шудааст. Бо касби деҳқонӣ рӯз мегузаронд. Дар замони зиндагиаш дар байни хосу ом шуҳратёр гардида буд. Мувофиқи маълумоти манобеи диниву адабӣ Абулҳасани Харақонӣ бо ашхоси бузурги муосири худ Абдуллоҳи Ансорӣ, Абусаиди Абулхайр, Абуали ибни Сино ва дигар ҳамнишину ҳамсуҳбат шудааст. Дар маноқиби Абулҳасани Харақонӣ китобе бо номи «Нур-ул-улум» тадвин шудааст. «Нур-ул-улум» асарест, ки аз шеваи озодфикронаи тасаввуфи Хуросон шаҳодат медиҳад. Абулҳасани Харақонӣ аз даҳ боб иборат буда, дар бораи маънои истилоҳоти ирфонӣ чун дарвешӣ, мурид, ғариб, ориф, ҷавонмардӣ ва ғайра тавзеҳоти мухтасар дорад. Дар «Нур-ул-улум» андешаҳои Абулҳасани Харақонӣ дар бораи назария ва амалияи тасаввуф ба таври ихтисор омада, бештар ба масъалаҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ дахл доранд. Чунин истилоҳоти муҳими тасаввуф — ҳаяҷон, ваҳйи қалб, муҷоҳида, риёзат дар «Нур-ул-улум» дар қолаби панду насиҳат ва ҷумлаҳои пурмаъно ва гоҳо печида баён шудаанд. Таъсири ақидаҳои Абулҳасани Харақонӣ ба тасаввуфи Хуросон хеле равшан аст ва истинод ба афкори ӯ дар осори Ансорӣ, Аттор, Саноӣ, Мавлоно, Самъонӣ, Айнулқузот, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон бисёр аст. Гуфтаҳои Абулҳасани Харақонӣ, инчунин баъзе маълумоти тарҷумаиҳолӣ дар бораи ӯ дар «Тазкират-ул-авлиё»-и Аттор, «Нафаҳот-ул-унс»-и Ҷомӣ ва дигар китобҳои суфия оварда шудаанд. Ба Абулҳасани Харақонӣ инчунин баъзе қитъаҳои шеър ва рубоиҳоро нисбат медиҳанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ https://www.iranicaonline.org/articles/abul-hasan-karaqani-ali-b
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абулҳасани Харақонӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Бертельс Е. Э., Суфизм и суфийская литература, М., 1965;
- Нурулум, Китоби якто аз орифи беҳамто Шайх Абулҳасани Харақонӣ, Т., 1369 ҳ. шаҳри Олимов К.. Хорасанский суфизм. Д., 1993;
- Олимов К,. Баррасиҳо дар тасаввуф. Д., 1998.