Деҳоти Навобод (н. Ҳисор)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Маҳалли аҳолинишин
Деҳоти Навобод (н. Ҳисор)
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Вилоят

Вилояти

Ноҳия

Ноҳияи

Координатаҳо

40°43′49″ а. шим. 70°09′25″ т. ш.HGЯO

Забони расмӣ

тоҷикӣ

Вақти минтақавӣ

UTC+5

Коди телефон

+992

Нишон додан/Пинҳон кардани харита
[[Акс:|310px|Деҳоти Навобод (н. Ҳисор) дар харитаи]]
Деҳоти Навобод (н. Ҳисор)
Деҳоти Навобод (н. Ҳисор)

Ҷамоати деҳоти Навобод — ҷамоат дар ноҳияи Ҳисор воқеъ аст, ки тобеи марказ аст.

Ҷамоати деҳоти Навобод соли 1930 ташкил шудааст. Аз маркази ноҳия 5 км дур воқеъ аст. Майдони умумии он 62,5 км кв буда, дар қисми марказии ноҳияи Ҳисор ҷой гирифтааст, 26112 нафар аҳолӣ дошта, 3432 хоҷагӣ ва 15 деҳаро дарбар мегирад. Деҳаҳои Обигармӣ, Лолагӣ, Мавлонҷари Боло, Мавлонҷар, Ҳуҷум, Ҳамдилон (собиқ Давлатманқа), Ойбош, Файзбаш, Себистон (собиқ Киров), Чуқураки Боло, Шопур, Навобод, Ситора (собиқ Қизил юлдуз), Ғуриёт, Кӯҳон ба ҳудуди ҷамоат дохил мешаванд. Дар ҳудуди ҷамоат 7 мактаби миёна, 4 мактаби асосӣ мавҷуд буда, 260 нафар омӯзгор ба 5397 хонанда илм меомӯзад. 4 дармонгоҳ, 3 бунгоҳи тиббӣ, 1 маркази фарҳангию фароғатӣ, 2 китобхона ба сокинон хизмат мерасонанд. Дар марзи ҷамоат кооперативи истеҳсолии ба номи Ҳайдар Миров, 330 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, ҶСШП «Рустбахш», ҶСШП «Файзбахш», ширкати сохтмонии «Сахиб», фермаи ширию молии фирмаи «Сахӣ», корхонаи фаръии байниноҳиявии обтаъминкунӣ, кооперативи «Биносоз», корхонаи оббарории «Висол», корхонаи «Бинокор», заводи хиштбарории Тоҷик-Сино Стар, филиали оҷонсии «Амонатбонк», 2 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 2 нуқтаи сӯзишвории гази моеъ, 2 осиёби обӣ, 15 нуқтаи савдо амал мекунанд, инчунин як масҷиди ҷомеъ, 14 масҷиди панҷвақтаи ба қайд гирифташуда ва 12 масҷиди панҷвақтаи ба қайд гирифтанашуда фаъолият доранд.[1]

Деҳаҳои ҷамоат[вироиш]

Деҳаҳои ҷамоат
Деҳа Аҳолӣ (с. 2015)
Обигармӣ
Лолагӣ (ноҳияи Ҳисор)
Мавлонҷари Боло
Мавлонҷар
Ҳуҷум
Ҳамдилон
Ойбош
Себистон
Чуқураки Боло
Шопур
Навобод (ноҳияи Ҳисор)
Ситора (деҳа)
Ғуриёт
Кӯҳон

Адабиёт[вироиш]

  • Ф.Азиз, С.Одина.Ҳисори Шодмон: аз бостон то ин замон. — Душанбе,2013;
  • Ш.Неъматова,М.Асроров, Маҳфузгарони таърих. — Душанбе,2010;
  • С.Одина. Зилзилаи Ҳисор. — Душанбе, 2009.

Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 557—558