Лолагӣ (деҳа, н. Ҳисор)
Деҳа | |
Лолагӣ | |
Кишвар | |
---|---|
Вилоят | |
Ноҳия | |
Ҷамоат | |
Забони расмӣ | |
Аҳолӣ |
3594 нафар (2017) |
Ҳайати миллӣ | |
Ҳайати динӣ | |
Коди телефон |
+992 3139 |
Нишонаи почта |
735020 |
Коди мошин |
TJ07 |
Лолагӣ — деҳа дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҳисор. Аз Лолагӣ то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 9 км. Аҳолиаш 3594 нафар (2017)[1], тоҷикон.
Аз номаш маълум аст, ки пуштаву адирҳояш гулу гулзору лолапӯшанд, соҳиби замини зиёди лалмӣ аст, замини обӣ аз дарёи Хонақоҳ обёрӣ карда мешавад, мардумонаш зироаткору боғдору чорводоранд. Лолагӣ дар самти шим. Ҷамоати Навобод ҷойгир аст. Аз Лолагӣ то маркази ҷ.д. 7 км ва то маркази ноҳ. 14 км, роҳ мумфарш мебошад, 437 хоҷагӣ дорад, аҳолияш 3340 нафар мебошад. Дар Лолагӣ мактаби миёнаи № 35 амал мекунад, ки дар он 32 нафар омӯзгор ба 756 хонанда дарс медиҳанд ва маркази саломатӣ ба мардум хизмат мерасонад, 45 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ва фермаи ширию молии «Сахӣ» фаъолият мекунанд, чор масҷиди намози панҷвақта мавҷуд аст.[2]
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- ↑ Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 339