Чуқураки Боло
Деҳа | |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Ҳисор |
Ҷамоат | Деҳоти Навобод |
Номҳои пешина | Қизил Юлдуз |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | 2399 нафар (2017) |
Ҳайати миллӣ | тоҷикон |
Ҳайати динӣ | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Коди телефон | +992 3139 |
Нишонаи почта | 735020 |
Коди мошин | TJ07 |
Чуқураки Боло — деҳа дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҳисор. Аз Чуқураки Боло то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия 8 км. Аҳолиаш 2399 нафар (2017)[1], тоҷикон.
Ҷуғрофиё[вироиш | вироиши манбаъ]
Чуқураки Боло солҳои пеш замини деҳа пастиву баландиҳои зиёд дошт, бо мурури замон аксари чуқуриҳо ҳамвор карда шуданд. Чуқураки Боло дар ҷониби ҷанубу ғарби маркази деҳоти Навобод, дар ҳамсоягии деҳаҳои Себистон, Шопур ва Навобод воқеъ аст, аз маркази ҷамоат 4 км ва аз маркази ноҳия 8 км дур ҷой гирифтааст.
Мардум[вироиш | вироиши манбаъ]
Дар Чуқураки Боло 2121 нафар аҳолӣ ҳаёт ба сар мебарад, ки 311 хоҷагиро ташкил медиҳад. Дорои мактаби миёна буда, дар он 32 нафар омӯзгор ба 606 нафар хонанда дарс медиҳанд, бунгоҳи тиббӣ амал мекунад, мағозаҳои хусусӣ низ ҳастанд, ду масҷиди панҷвақта ва 16 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Мардум асосан ба кишоварзӣ машғуланд[2]
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- ↑ Донишномаи Ҳисор. — Д.: «Ирфон», 2015, — С. 648