Jump to content

Ситора (деҳа, н. Ҳисор)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Ситора
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ҳисор
Ҷамоат Деҳоти Навобод
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Қизил Юлдуз
Аҳолӣ
Аҳолӣ 3508 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020

Ситора (собиқ Қизил Юлдуз) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҳисор. Аз Ситора то маркази ҷамоат 4 км, то маркази ноҳия 10 км. Аҳолиаш 3508 нафар (2017)[1], тоҷикон.

Ситора дар самти шимолу ғарби деҳоти Навобод, қисми шимоли деҳаи Навобод, тарафи ҷануби деҳаи Кӯҳон ва қисми шарқии деҳаи Ғуриёт ҷойгир буда, аз маркази ҷамоат 5 км ва аз маркази ноҳия 12 км дур воқеъ гардидааст[2].

Дар Ситора 482 хоҷагӣ ва 3260 нафар аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар Ситора мактаби № 43 мавҷуд аст, ки 34 нафар муаллиму 690 талаба дорад, бунгоҳи тиббӣ ва 5 масҷиди панҷвақта ва 36 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ амал мекунанд. Дар қисми шимоли Ситора замини лалмӣ низ ҳаст, мардум ба ҷуз зироаткориву боғдорӣ чорвопарварӣ ҳам мекунанд. Аҳли деҳа дар ангурпарварӣ маъруфанд[2].

  1. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  2. 2.0 2.1 Донишномаи Ҳисор. — Д.: «Ирфон», 2015, — С. 517