Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷамоати Ориён — ҷамоатест дар ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон, ки тобеи марказ мебошад.
Ҷамоати Ориён 4 июли соли 2013 ташкил шудааст, ки марказаш деҳаи Ҳалқарӯд буда, аз он то маркази ноҳияи Ҳисор ва истгоҳи роҳи оҳан 24 км масофа аст. Ба ҳудуди марзию маъмурии ҷамоат 7 деҳа — Мурутак, Чинор, Ҳалқарӯд (Ҷартеппа), Ҳафттеппа
(Ҷетиқир), Ҳоҷигирдоб, Шарафобод ва Гулистон (Ҷӯҷалӣ) дохил мешаванд. Аз тарафи ш. бо дарёи Кофарниҳон, ноҳияи Рӯдакӣ, аз тарафи ҷанубу ғарб бо Ӯзбекистон ва
шаҳри Турсунзода, аз тарафи ғарбу шимол бо ноҳияи Шаҳринав, аз
тарафи шимол бо деҳаи Латтабанди Ҷамоати Деҳқонобод
ҳамсарҳад мебошад. ҷамоат 7821 нафар аҳолӣ дорад,
дар ҳудудаш 7 мактаб, маркази фароғатию фарҳангӣ,
масҷиди ҷомеъ, 2 китобхона, якчанд масҷиди
панҷвақта, нуқтаҳои савдо, марказҳои тиббӣ ва дигар
ташкилоту муассисаҳо ҷойгиранд.[1]
- Ф.Азиз, С.Одина.Ҳисори Шодмон: аз бостон то ин замон. — Душанбе,2013;
- Ш.Неъматова,М.Асроров, Маҳфузгарони таърих. — Душанбе,2010;
- С.Одина. Зилзилаи Ҳисор. — Душанбе, 2009.
- ↑ Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 559