Jump to content

Дилан О'Брайен

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дилан О'Брайен
англ. Dylan O'Brien
Таърихи таваллуд: 26 август 1991(1991-08-26) (33 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпеша, YouTuber, мудел, ҳунарпешаи телевизиюн
Корнома: 2010 — то ҳол
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 3729721
 Парвандаҳо дар Викианбор

Дилан О’Брайен (англ. Dylan O’Brien; зод. 26 август 1991, Ню-Йорк, иёлати Ню-Йорк) — ҳунарпеша, навозандаи амрикоӣ, байни мухлисон дар силсилафилми «Гург-бача» шуҳрати худро ёфтааст.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дилан 26 августи соли 1991 дар шаҳри Ню Йорк таваллуд шудааст. Бачагии ӯ дар шаҳри Спрингфилди штати Ню Ҷерси гузаштааст. Вақте ки Дилан ба синни 12 расид, оилаи ӯ ба Ҳермоса-Бич, Калифорния кӯчиданд. Падари ӯ видеооператор ва модараш ҳунарпеша буданд. О’Брайен аҷдодони ирландӣ, англисӣ, итолиёӣ ва испанӣ дорад. Соли 2009 мактаби миёнаи Mira Costa High School-ро хатм кард.

Соли 2006 дар Youtube бо видеоҳои ҳаҷвиёнаи худ машҳур шуд. Ҳамаи видеоҳоро мустақилона гирифта коргардонӣ кардааст.

Дилан нақша дошт, ки якбора донишгоҳ ва мактаби санъати филмсозиро тамом кунад, аммо дар ин вақт, ӯро ба нақши асосӣ дар силсилафилми Гург-бача интихоб карданд. Баъди 4 бор шунидан, Диланро ба нақши асосии Скотт муайян намуданд, аммо баъди хондани асар, ӯ фаҳмид, ки нақши дӯсти наздики Скотт — бо номи Стайлз ба ӯ мувофиқтар аст.

Соли 2013 О’Брайенро ба нақши асосӣ дар филми «Бодпои Лабиринт» муайян намуданд. Ба ғайр аз фаъолияти ҳунарпешагӣ, Дилан дар гурӯҳи «Slow Kids At Play» нақорачӣ мебошад.

Рӯйхати филмҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз рӯи сол:

  • 2011 Шоҳроҳ (High Road), Ҷиммӣ, нақши асосӣ
  • 2012 Якум бор (The First Time), Дейв Ҳоҷман, нақши асосӣ
  • 2011—то ҳол, Гург-бача (Teen Wolf), Стайлз Стилински
  • 2013 Коркунон (The Intership), Стюарт
  • 2013 Духтараки нав (New Girl), дӯстписари пештара
  • 2014 Бодпои лабиринт (The Maze Runner), Томас, нақши асосӣ
  • 2016 Бодпои лабиринт: Имтиҳони оташин (The Maze Runner: The Scorch Trials), Томас, нақши асосӣ