Jump to content

Муҳаммад Ғоиб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммад Ғоиб
Таърихи таваллуд: 16 март 1954(1954-03-16) (70 сол)
Зодгоҳ: Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: забони тоҷикӣ
Ҷоизаҳо: Ордени Шараф Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2008) ва Ҷоизаи адабии ба номи Чингиз Айтматов (2019)

Муҳаммад Ғоибшоир, узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС, Шоири халқии Тоҷикистон (2001), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2008) ва Ҷоизаи адабии ба номи Чингиз Айтматов (2019)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳаммад Ғоиб 16 марти соли 1954 таваллуд шуда, соли 1977 факултети физикаю метематикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлобро хатм кардааст. Муҳаммад Ғоиб баъди хатми донишкада соли 1977 ба ҳайси мухбири Кумитаи телевизион ва радио дар минтақаи Кӯлоб ба фаъолият шурӯъ карда, аз соли 1987 то соли 1990 мухбири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» дар ин минтақа буд. Номбурда аз соли 1990 то соли 1995 раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои собиқ вилояти Кӯлоб, аз соли 1995 то соли 1997 роҳбари қароргоҳи ҳукуматии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, аз соли 1997 то соли 2000 –ум раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Хатлон, аз соли 2000 –ум то соли 2004 муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон, аз соли 2004 то соли 2008 директори Киностудияи «Тоҷикфилм» аз соли 2008 то 2012 директори Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон буд. Муҳаммад Ғоиб соли 1981 узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС гардид.

Муҳаммад Ғоиб муаллифи зиёда аз 40 асар, аз ҷумла «Турнаҳо», «Роҳи деҳа», «Фарёди ёдҳо», «Меҳри гиёҳ», «Хоки ватан», «Гавҳари меҳр», «Нури дида», «Боми сипеҳр», «Гумгаштапайдо», «Роҳи каҳкашон», «Пойгаҳ», «Ватани Наврӯз», «Фархундапай», «Шоҳи Ҳамадон », «Сад ғазал», «Поси ошноӣ», «Парчами нанг», «Девон» «Каъбаи дил», «Подарок» (бо забони русӣ), «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» [1] ва ғайра мебошад. Ҳамчунин якчанд очерку новеллаҳои телевизионӣ ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Драмаҳои машҳури "Шоҳи Ҳамадон", "Мири Кабир","“Имоми Аъзам","Арвоҳзада","Зиндамаргон", "Волидони беворис", филмномаҳои "Гумгаштапайдо", "Пуштаи хандақпеч", "Ҳасрати дидор","“Вафодор" ва ғайра зодаи эҷоди ӯянд.[2]

Мукофот ва ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1999 бо ордени «Шараф» сарфароз гардонида шуд. Ӯ соҳиби унвони Шоири халқии Тоҷикистон (2001), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2008), дорандаи медали ҷашнии «100-солагии матбуоти тоҷик» (соли 2013), барандаи Ҷоизаи ба номи Шамсиддин Шоҳин (2012) ва Ҷоизаи адабии ба номи Чингиз Айтматов (2019).[2]