Мирзо Файзалӣ
Таърихи таваллуд: | 9 май 1942 |
---|---|
Зодгоҳ: | ноҳияи Орҷонкидзеобод, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт: | 6 декабр 2016 (74 сол) |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | рӯзноманигор, шоир, нависанда |
Жанр: | шеър, ҳаҷв |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Ҷоизаҳо: | Шоири халқии Тоҷикистон, Дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ(2014) |
Мирзо Файзалӣ (9 майи 1942, деҳаи Чиртак, ноҳияи Орҷоникидзеобод — 6 декабри 2016, ноҳияи Ваҳдат, Тоҷикистон) — рӯзноманигор, шоир ва нависандаи тоҷик. Шоири халқии Тоҷикистон (2008)[1], Барандаи Ҷоизаи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2014), узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1970), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1991)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Мирзо Файзалӣ 9 майи 1942 дар деҳаи Чиртаки ноҳияи Орҷоникидзеобод ба дунё омадааст. Соли 1959 мактаби миёнаи ба номи М. Горкийро хатм кардааст. Соли 1966, баъди адои хидмати ҳарбӣ, дар рӯзномаи «Коммуна» (ҳозира «Шаҳриёр») ба фаъолияти рӯзноманигорӣ пардохта, солҳои дароз дар вазифаҳои мухталиф адои вазифа намудааст. Соли 1973 шуъбаи шабонаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Чанд муддат котиби масъули рӯзномаи «Меҳнати коммунистӣ» (ҳозира «Набзи Файзобод») ва беш аз даҳ сол мудири шуъбаи маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» будааст. Солҳои 1993—2010 сармуҳаррири рӯзномаи «Шаҳриёр»-и шаҳри Ваҳдат буд. Аз соли 1970 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аз соли 1991 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Беш аз 40 сол аст, ки ба кори эҷодӣ машғул буда, дар ин давра маҷмӯаҳои назмию насрияш «Шери тағош» (1984), «Кӯршапарак» (1989), «Бозёфти ҳайратовари доктор Сомонӣ» (1991), «Кайф аз Самак то бар Само» (1996), «Қотили қотилон» (1998), «Сангари номус» (2001), «Бо додҳо, фарёдҳо» (2002), «Чамани ёдҳо» (2004), «Ману Ватан» (2006), «Ба шумо дурӯғу ба Худо рост» (2005), «Шов-шови мардум» (2007), «Гӯри гумшуда» (2008), «Гулхори чида-чида» (2011), «Адлу дод асли ҷавонмардии ӯст» (2014) аз чоп баромадаанд.
Иддае аз шеърҳояш дар зиёда аз 20 маҷмӯаи дастҷамъӣ ва матбуоти даврии Эрону Афғонистон, Узбакистону Туркманистон, Озарбойҷону ғайри он интишор ёфтаанд. Дар байни ҳаводорони каломи бадеъ ҳамчун шоири ҳаҷвнигор шуҳрат дошта, ба шеърҳои зиёда аз 100 шоири замон нақиза навиштааст, ки дар адабиёти муосири тоҷик рухдоде нодир аст. Чанде аз шеърҳояшро сарояндагон ба оҳанг дароварда, ба воситаи радиову телевизион ва дар базму маъракаҳо тараннум мекунанд.
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Мирзо Файзалӣ 6 декабри соли 2016 пас аз бемории кӯтоҳмуддат дар шаҳри Ваҳдат, дар синни 75-солагӣ аз даргузашт[2].
Унвону ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2014);
- Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ;
- Медали «100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин»;
- Медали «Хидмати шоиста»;
- Нишони фахрии «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон»,
- Нишони фахрии «Аълочии маорифи Тоҷикистон»
- Нишони фахрии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон».[3]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ. www.president.tj. Президенти Тоҷикистон (2 сентябри 2008). 17 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ Даргузашти Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Файзалӣ. asiaplustj.info. ASIA-Plus (7 Декабри 2016). 6 Декабри 2023 санҷида шуд.
- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с.248 ISBN 978-99947-2-379-9
- Зодагони 9 май
- Зодагони соли 1942
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ваҳдат
- Даргузаштагони 6 декабр
- Даргузаштагони соли 2016
- Рӯзноманигорон аз рӯи алифбо
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Адибон аз рӯи алифбо
- Нависандагони тоҷик аз рӯи алифбо
- Нависандагони Тоҷикистон
- Шоирони Тоҷикистон
- Рӯзноманигорони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ