Jump to content

Бароти Абдураҳмон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Барот Абдураҳмон)
Бароти Абдураҳмон
Бароти Абдураҳмон
Таърихи таваллуд: 15 сентябр 1947(1947-09-15) (77 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Кӯлоб
Навъи фаъолият: нависанда
Солҳои эҷод: 1986 -
Самт: наср
Жанр: ҳикоя, очерк, қисса, эссе
Забони осор: забони тоҷикӣ
Ҷоизаҳои адабӣ: Ордени Шараф
Медали «Хидмати шоиста», Корманди шоистаи Тоҷикистон (2010), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013)
Ҷоизаҳо: Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ (2004), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008)

Бароти Абдураҳмон (Абдураҳмонов Бароталӣ; 15 сентябри 1947, деҳаи Чашмаи Ҷӯшони ноҳияи Муъминобод, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — нависанда, драматург ва сенариянависи тоҷик, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2010), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1989).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бароти Абдураҳмон 15 сентябри 1947 дар деҳаи Чашмаи Ҷӯшони ноҳияи Кӯлоб ба ҷаҳон омадааст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи педагогии Кӯлоб (1966) ва факултети филологияи тоҷики УДТ (ҳозира ДМТ; 1971). Ассистенти кафедраи нутқи саҳнавӣ ва маҳорати актёрии Институти давлатии санъати Тоҷикистон (1971-72), сармуҳаррири барномаҳои адабӣ ва драмаи ТВТ (1972-74), муҳаррири калони илмӣ ва мудири редаксияи санъати ЭСТ, ҳозира ЭМТ; (1974-88), ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи «Илм ва ҳаёт» (1988-95), мушовири калон, мудири Маркази таҳлил ва ёвари Президенти ҶТ (1996—2011). Аз соли 2011 нафақагири сатҳи ҷумҳуриявӣ. Ҳамзамон аз ноябри с.2012 мудири редаксияи бачагон ва наврасони ЭМТ.

Ҳикояҳои нахустинаш («Барфи аввал», «Муждагонӣ» ва ғайра) соли 1979 дар матбуот ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи нахустини ҳикояҳояш — «Шабҳои маҳтобӣ» соли 1986 чоп шуд. Дар қиссаи «Кимиёкаҳ» (1984) нависанда зимни ривояту қиссаҳои асотирӣ набзи зиндагии пурҳаводиси имрӯз, таносуби азалии робитаи инсону табиат, завлонаҳои муҳити носозгор ва рӯҳи бешикасту исёнпарвари инсонро тасвир намудааст. Повести «Давлати сарам, модар» (1989) орзую умеди ҷавонон, ишқу муҳаббати пок, талошу мубориза ва мушкилоти ба мақсад расидану чун инсони ҳақиқӣ камол ёфтани ҷавононро дар с-ҳои 80 садаи XX инъикос мекунад. Тору пуди қиссаву ҳикояҳои маҷмӯаи «Розҳои шабҳангом» (1990) аз маншаи некиву бадӣ ва қарзу фарзи умри даргузари одамӣ, дунёи ишқи поку беолоиши ҷавонӣ ва озмоишҳои қисмати пурҳаводис, манзараҳои дилрабои табиат ва розҳои хилватшабҳои кӯҳистон ба ҳам омадааст. Романи «Дунёи сабзи ишқ» (2002) асари тозаи нависанда дар мавзӯи муосир буда, оҳанги амиқи иҷтимоӣ, конфликтҳои шаддиду хотирмон, характерҳои барҷаста ва эҳсоси баланди ватандӯстию худшиносӣ дорад. Ин роман падидаи тозае дар насри солҳои охир, алалхусус дар рушди романи андеша буда, бо оҳанги самимонаи тасвири ишқ, характери боварибахшу хотирмони қаҳрамонон, самимияту дилчаспии тасвир ва содагию равонии забон хонандаро мафтун месозад. Бароти Абдураҳмон ба мавзӯҳои таърихӣ низ рӯ оварда, силсилақиссаи «Ҳафт мӯъҷизаи олам»-ро (1995) дар тавсифи Аҳромҳои Мисри Қадим, Боғи муаллақи Бобул, Маъбади Артемида, Оромгоҳи Мавсол, Муҷассамаи Зевс, Бурҷи Искандария ва Ҳайкали Родос ба қалам додааст. Романи таърихии «Куруши Кабир» (2006) аз зиндагии пурҳангома, ишқи самимона, тарҳрезии оини давлатдорию кишваркушоиҳо, муттаҳидсозии қавму қабилаҳои парокандаи ориёӣ, аз ҷумла ниёгони тоҷикон дар як қаламрави воҳид ва саранҷом бунёдгузории империяи мутамаддини ҷаҳонии Ҳахоманишиён нақл мекунад. Силсилароманҳои дигари таърихиаш «Камбуҷия» ва «Дорои Бузург» (2013) дар партави сиёсати ваҳдатгароӣ ва башардӯстонаи Куруши Кабир эҷод гардида, дурахшонтарин даврони давлатсозӣ ва тамаддунофарии ниёгони ориёии Эронитаборон, аз ҷумла тоҷиконро фаро мегирад. Б. ҳамчун сенариянавис як силсила филмҳои ҳуҷҷатӣ, аз ҷумла «Тифли домони туям, модар» (1999), «Мӯъҷизаи ҳаштуми олам» (2001), силсила филми сегонаи ҳуҷҷатии «Васвасаҳои хунафшон» (2003—2006) бахшида ба воқеаҳои фоҷиабори даврони истиқлоли Тоҷикистонро офаридааст. Ба қалами ӯ ҳамчунин кинороманҳои таърихии «Куруш ва Томирис» (2009), «Искандари Мақдунӣ ва Спитамен» (2005), «Рухшона» (2006), инчунин кинороманҳо дар мавзӯи муосир «Алвидоъ, ишқ» (2007), «Метис» (2000), «Фариштаҳои бадманиш» (2010) ва ғ. мутааллиқанд.

Бароти Абдураҳмон ҳамчун драматург драмаи таърихии «Хатои Искандари Мақдунӣ» (1999, таҳияи саҳнави аш бо номи «Искандари Мақдунӣ ва Спитамен» дар Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ, 2001) ва драмаи таърихии «Куруш ва Томирис» (2011, таҳияи саҳнавӣ дар Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ), «Рухшона» (2008), киноповести таърихии «Шамшер ва ишқ» (2002)-ро офаридааст. Дар драма ва кинороманҳои таърихии «Искандари Мақдунӣ ва Спитамен», «Рухшона», шахсияти Искандари Мақдунӣ бо тинати мураккабу фоҷиаи кишваркушоиҳояш тасвир шудааст. Алалхусус, пархошу набардҳои сахту сангин ва талошу муборизаҳои истиқлолхоҳии Спитамен ва корнамоиҳои ниёгони тоҷикон барои ҳифзи кишвари аҷдодӣ дастоварди нависанда дар мавзӯи таърихӣ мебошад. Бароти Абдураҳмон тарҷумони болаёқат буда, маҳорати нависандагиаш дар тарҷумаи асарҳои бадеӣ кор медиҳад. Ӯ романи «Бақои одамият»-и Н. Думбадзе (1986), повести «Турнаҳои бармаҳал»-и Ч. Айтматов (1988), чандин ҳикояҳои А. Чехов (1989) ва повести «Асрори шаҳраки махфӣ»-и В. Беляевро (1990) ба тоҷикӣ гардондааст. Бештар аз 100 эссе ва мақолаву очеркҳои публитсистиаш дар матбуот ба табъ расидаанд.

Чанде аз асарҳояш ба забонҳои украинӣ, русӣ, булғорӣ ва ӯзбекӣ тарҷума шудаанд.

Дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (2008) ва Ҷоизаи адабии ИН Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (2004). Корманди шоистаи Тоҷикистон (2010). Бо ордени «Шараф» (дараҷаи II) медали «Хидмати шоиста» (2000), нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2013) ва дигар медалҳо сарфароз гардидааст. Узви ИН Тоҷикистон аз соли 1989.

  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 3. Д., 2004;
  • Раҳмонов А. Таронаи ишқ ё Романи андеша. Адабиёт ва санъат. 3 окт. соли 2003;
  • Андешаҳо дар бораи Бароти Абдураҳмон// маҷ. Садои Шарқ. 2007, № 9.