Душанбе Сити Бонк
ҶСП «Душанбе Сити Бонк» | |
|---|---|
| | |
| Шакл | Ҷамъияти саҳҳомӣ |
| Фаъолият | Бонки тиҷорӣ |
| Соли таъсис | 2007 |
| Номҳои пешина |
Сомонаи пардохтии «Express Pay» ТАҚХ «Душанбе Сити» |
| Макон |
|
| Афроди калидӣ | Ақдодов Хуршед — Раиси Раёсат |
| Вебгоҳ | dc.tj |
Душанбе Сити Бонк (номи пурра ҶСП «Душанбе Сити Бонк»; то 2022 ТАҚХ «Душанбе Сити Бонк») — яке аз бонкҳои тиҷории Тоҷикистон. Дафтари марказии бонк дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Ташкилоти молиявӣ кори худро аз соли 2007 ҳамчун ТАҚХ оғоз намуда, якум системаи пардохтии худ — Express Pay-ро таҳия кард[1]. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2022, таҳти № 68 ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Душанбе Сити Бонк» Иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дода шуд[2]. Дар натиҷаи рушди фаъолият ва тавсеаи хидматрасониҳо, ташкилот 10 июни соли 2022 Иҷозатномаи Бонки Миллии Тоҷикистонро таҳти № 0000301 гирифта, ба ҶСП «Душанбе Сити Бонк» табдил шуд ва фаъолияти худро бо модели бонки рақамии насли нав идома медиҳад.
Солнома
[вироиш | вироиши манбаъ]- 2007 — оғоз оғоз кардани фаъолияти ташкилот ҳамчун ТАҚХ; таҳияи низоми пардохтии «Express Pay» ва анҷоми аввалин пардохти онлайн;
- 2016 — таҳияи низоми худии автоматиконии бонкӣ;
- 2017 — таъсиси маркази коркарди корти худӣ ва пайвастан ба Низоми пардохти «Корти миллӣ»;
- 2018
- июл — гирифтани иҷозатномаи Бонки Миллии Тоҷикистон ҳамчун ҶСП ТАҚҲ «Душанбе Сити»;
- роҳандозии аввалин ҳамёни мобилӣ — DC Wallet;
- 2019 — оғози интиқоли маблағҳо бо рақами телефон дар ҳамкорӣ бо Сбербанк.
- 2020 — таъсиси самти нав барои хизматрасонии корпоративӣ — DC Business.
- 2021 — роҳандозии ҳамёни мобилии DC Next;
- 2022
- июн — гирифтани иҷозатномаи расмӣ аз Бонки миллии Тоҷикистон барои таъсиси ҶСП «Душанбе Сити Бонк»;
- 30 июн — дода шудани тасдиқномаи № 064 дар бораи узвият Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ;[3]
- 2023 — роҳандозии маҳсулоти қарзӣ: қарзи истеъмолӣ, автолизинг, автокредит, ипотека, барномаи тақсими «Дастрас»;
- 2024 — барориши кортҳои байналмилалии VISA.
Фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Душанбе Сити Бонк ҳамчун платформаи рақамии миллӣ амал мекунад ва хизматрасониҳои бонкдориро ба шахсони воқеӣ, ширкатҳо ва ташкилотҳои давлатӣ пешниҳод менамояд. Бонк аз низоми васеи инфрасохтори пардохтӣ, шабакаи терминалҳо, кортҳо ва платформаҳои мобилӣ истифода бурда, ба зиёда аз 2 миллион дорандаи корти худ хизмат мерасонад.
Бонк дар ташаккули экосистемаи рақамии Тоҷикистон вазифаи муҳим иҷро карда, як қатор лоиҳаҳои давлатӣ ва инфрасохториро амалӣ намудааст, аз ҷумла:
- автоматизатсияи ҳисобгирии энергетикӣ бо «Барқи Тоҷик»;
- низомҳои биллинг ва хидматрасонии рақамӣ барои «Помир Энерҷӣ»;
- ҳисобгирии об ва канализатсия барои «Душанбе Водоканал» ва «Хуҷанд Водоканал»;
- платформаи нақлиётии City Card дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар;
- лоиҳаҳои рақамисозии хидматҳои давлатӣ (Хадамоти гумрук, Вазорати молия, реестри ягонаи IMEI);
- лоиҳаи NERU — низоми ғайринақдӣ барои пардохти таваққуфгоҳ, қуввагузар (электрозаправка) ва бақайдгирии худкории қоидавайронкуниҳо.
Дар ҳоли ҳозир, бонк 16 маркази хидматрасонӣ дар сарорсари ҷумҳурӣ дошта, дорои беш аз 1200 банкомат, 2325 терминали худхидматрасон, 3149 POS-терминал ва 15 000 нуқтаи QR-пардохт буда, шумораи мизоҷони кортҳои бонкиаш ба 2.2 миллион нафар ва зеркашиҳои ҳамёни мобилӣ ба 2.8 миллион маротиба расидааст.[4]
Роҳбарон
[вироиш | вироиши манбаъ]Раёсати ҶСП «Душанбе Сити Бонк» аз ҷониби Раиси Раёсат сарварӣ мешавад.
Раиси раёсат — Ақдодов Хуршед Назарабдолович[5]
Маҳсулоти бонкӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]DC Next
[вироиш | вироиши манбаъ]Маҳсулоти асосии рақамии бонк — DC Next аст, ки соли 2020 роҳандозӣ шудааст, ки дорои бештар аз 2.8 миллион зеркашиҳо, зиёда аз 2 миллион транзаксияи моҳона ва ҳамкорӣ бо зиёда аз 500 ширкат мебошад.
AI Secure
[вироиш | вироиши манбаъ]Бонк барои баланд бардоштани сатҳи амният, фанноварии AI Secure — низоми биометрии воридшавӣ бо шинохти чеҳраро таҳия кардааст, ки бо истифода аз алгоритмҳои ҳуши маснуъӣ кор мекунад ва танҳо «чеҳраи зинда»-ро мешиносад.
Хидматрасониҳои корпоративӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Самти DC Business хизматрасониҳои молиявӣ ва рақамиро барои ширкатҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва ташкилотҳои давлатӣ пешниҳод менамояд.
Хидматрасониҳои дигар
[вироиш | вироиши манбаъ]- кортҳои VISA ва «Корти миллӣ»;
- қарзҳои истеъмолӣ, ипотека ва автокредит;
- барномаи тақсими «Дастрас»;
- ҳамёнҳои мобилӣ DC Wallet ва DC Next;
- низоми пардохтии Express Pay;
Сарпарастӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Душанбе Сити Бонк дар таҳкими лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва варзишӣ фаъолона ҳисса мегузорад. Дар солҳои охир бонк ба як қатор чорабиниҳои муҳим ҳимоятгарӣ намудааст.
2022
- 25 октябр — сарпарасти генералии Чемпионати Осиё аз рӯи MMA (IMMAF Asia Championships);
2024
- сарпарасти «ПЛАС-Форум Digital Tajikistan» 2024;
- Digital Fest 2024;
2025
Сарпарасти расмии
- ПЛАС-Форум Digital Tajikistan 2025;
- Dushanbe Invest Forum 2025;
- AI NEXT FORUM 2025;
- 5 апрел — бизнес-форуми «Лидеры мнений 2025»
- 15 март — сарпарасти расмии дастаи футболи «Душанбе».
- 29-30 ноябр — Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба варзиши электронӣ;
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Дар бораи мо. dc.tj. Dushanbe City Bank. 10 Декабри 2025 санҷида шуд.
- ↑ Бонкдорӣ Тараққиёт Ҷаҳонишавӣ. Ба ҶСП “Душанбе Сити Бонк” иҷозатнома дода шуд. nbt.tj. Бонки миллии Тоҷикистон (2022). 10 Декабри 2025 санҷида шуд.
- ↑ Bahodur Boboev. Ба ҶСП “Душанбе Сити Бонк” тасдиқнома дода шуд. Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (30 июни 2022). 10 Декабри 2025 санҷида шуд.
- ↑ Dushanbe City Bank. Сомонаи расмии Душанбе Сити Бонк.
- ↑ Бонкҳо. nbt.tj. БМТ. 10 Декабри 2025 санҷида шуд.
- ↑ ТАҚХ «Душанбе Сити» расман бо дипломи фахрии «Беҳтарин андозсупорандаи соли 2021» сарфароз гардонида шуд.. Душанбе Сити Бонк (5 феврали 2022).
- ↑ Фирӯза Сатторӣ. “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023”: Бо ширкатҳои ғолиб шинос шавед(тоҷ.). oila.tj. Оила (9 ноябри 2023). 23 Декабри 2025 санҷида шуд.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- dc.tj — вебгоҳи расмии Душанбе Сити Бонк