Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Бонки байналмилалии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бонки байналмилалии Тоҷикистон
Шакл Ҷамъияти саҳомии пӯшида
Фаъолият Бонки умумӣ
Соли таъсис 2014
Макон  Тоҷикистон: Душанбе
Вебгоҳ ibt.tj

Бонки байналмилалии Тоҷикистон (русӣ: Международный банк Таджикистана, номи пурра Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Бонки байналмилалии Тоҷикистон»; пешина ҶДММ ТАҚХ «Стандарт финанс») — яке аз бонкҳои Тоҷикистон.

ҶДММ ТАҚХ «Стандарт финанс» иҷозатномаи БМТ № 0000027-ро дар моҳи апрели соли 2014 дарёфт намудааст. Ҳангоми таъсис додани ташкилот роҳбарият ва саҳмдорон дар назди худ ҳадаф гузошта буданд, ки воситаҳои молиявии худ ва шариконро барои маблағгузории муассисаҳои хурд ва ҳамчунин рушди қарздиҳии истеъмолӣ ҷалб намоянд.

Таваҷҷуҳи хос дар ин ҳолат ба қарзҳо барои таҳсилот ва қарзҳо ҷиҳати беҳсозии шароити зиндагӣ дода мешавад. Дар ин маврид стратегияи ташкилот меъёрҳои нисбатан паст барои фоизҳо ва муҳлатҳои нисбатан дарози пардохти қарзҳоро дар назар дорад.

29 феврали соли 2016 ҶДММ ТАҚХ «Стандарт финанс» иҷозатномаи БМТ № 0000060 — ро дарёфт намуда, ба ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» табдил ёфт.

Дар 22 июли 2025 Mastercard дар ҳамкорӣ бо Бонки байналмилалии Тоҷикистон кортҳои нави Mastercard Platinum ва Mastercard World Elite-ро муаррифӣ намуд. Онҳо барои истифода дар пардохтҳои байналмилалӣ пешбинӣ шуда, инчунин дорои баъзе хизматрасониҳои иловагӣ, аз ҷумла дастрасӣ ба Lounge Key ва хидматҳои Fast Track мебошанд.[1]

  • ibt.tj — вебгоҳи расмии Бонки байналмилалии Тоҷикистон