Бонки Эсхата

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
«Бонки Эсхата»
Eskhata6.jpg
Шакл Ҷамъияти саҳҳомии кушода
Иҷозатнома № 16 аз 29.11.1994
Фаъолият Бонки умумӣ
Соли таъсис соли 1994
Номҳои пешина бонки тиҷоратии "Эсхата"
Макон  Тоҷикистон: вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
Афроди калидӣ Носиров Хуршед Диловарович (раиси раёсат)
Сармояи аввалия 125 304 690 сомонӣ (ба 1.01.2016) [1]
Дороиҳо 1 909 505 879 сомонӣ (ба 31.09.2017) [1]
Фоидаи холис 25 392 674 сомонӣ (ба 31.09.2017) [1]
Шумораи кормандон 3032 (2015, СБҲМ)
Вебгоҳ eskhata.com
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Бонки Эсхата (Ҷаъмияти саҳҳомии кушодаи «Бонки Эсхата») — яке аз бонкҳои калонтарини тиҷоратии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Бонк ба ҳайати панҷ бонки бонуфузи ҷумҳурӣ дохил мешавад. Инчунин, дар доираи корбарон ҳамчунин мухтасар «Эсхата» (ё ин ки ЭБ) номбар мегардад. Офиси асосии — ОА, Филиали Ҷаъмияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата» — ФҶСК «Бонки Эсхата» Маркази хидматрасонии бонкӣ — МХБ, Нуқтаи интиқоли маблағ — НИМ.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

ҶСК «Бонки Эсхата» — Ҷаъмияти саҳҳомии кушодаест, ки дар асоси қарори таъсисдиҳанда 16 ноябри соли 1993 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун бонки тиҷоратӣ тасис ёфтааст. 28 майи соли 1999 дар асоси қарори ҷаласаи муассисон ба бонки саҳомии тиҷоратии «Эсхата» мубаддал гашт. 12 сентябри соли 2002 ҳамчун Ҷаъмияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата» ба қайд гирифта шудааст.[2]

Фаъолияти ҶСК «Бонки Эсхата» дар асоси иҷозатномаи махсуси (лицензияи) № 16 аз 29 ноябри соли 1994 Бонки Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зери назорати он қарор дорад. Муассисони ҶСК «Бонки Эсхата» шахсони воқеӣ — резидентони Тоҷикистон мебошанд. Саҳҳоми бузург — ғайри резиденти бонк, Бонки Тармим ва Рушди Аврупо(Европейский Банк Реконструкции и Развития) мебошад.

Номи бонк[вироиш | вироиши манбаъ]

Номи бонк аз номи қадимаи шаҳри Хуҷанд дар асри IV то милод «Александрия Эсхата» гирифта шудааст. Дар давраи аз ҷониби лашкари Искандари Мақдунӣ забт шудани давлати Ҳахоманишиён Искандар то инҷо забткорӣ намуда шаҳре бунёд кардааст ва номи шаҳрро «Искандарияи канора» («Александрия Эсхата») гузоштааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 Баланси солона(тоҷ.). www.eskhata.com. ҶСК «Бонки Эсхата». 1 марти 2018 санҷида шуд.
  2. Сайт Банка Эсхата — О банке

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]