Алиф Бонк
Алиф Бонк | |
|---|---|
| | |
| | |
| Шакл | Ҷамъияти саҳҳомӣ |
| Иҷозатнома | № 0000114 аз 3 январи 2020 |
| Фаъолият | Бонки тиҷоратӣ |
| Соли таъсис | 2014 |
| Номҳои пешина | Алиф Сармоя |
| Макон | |
| Афроди калидӣ |
Фирдавс Мирзоев — раиси шӯрои нозирон, ҳаммуассис Абдулло Қурбонов — раиси пешина ва ҳаммуассис Зуҳуршо Раҳматуллоев — ҳаммуассис Гуланор Атобек — Раиси ҶСК «Алиф Бонк» |
| Сармояи аввалия | 257.3 млн сомонӣ (31.12.2025) |
| Шумораи кормандон | ▲ 1100 (2026) |
| Ҷамъияти асосӣ | Alif Capital Holdings Limited |
| Вебгоҳ | alif.tj |
Алиф Бонк (номи пурра Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Алиф Бонк»; номи пешина ТАҚХ «Алиф Сармоя») — бонки тиҷоратӣ ва ширкати фанноварии молӣ дар Тоҷикистон. Дафтари марказии бонк дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз якчанд соли таҳсилу кор дар хориҷа, Абдулло Қурбонов, Зуҳуршо Раҳматуллоев ва Фирдавс Мирзоев Алифро соли 2014 дар Тоҷикистон таъсис доданд. Тибқи иттилои сомонаи худ, ширкат дар аввал корро бо се нафар оғоз карда, қарзи хурдро ба мардум пешниҳод менамуд ва сипас теъдоди кормандонашро зиёд кард[1].
19 декабри соли 2019 ҶСК ТАҚХ «Алиф Сармоя» ба ҶСК «Алиф Бонк» табдил шуд ва бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2020, таҳти № 1, ба ҶСК «Алиф Бонк» Иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дода шуд[2][3].
Солнома
[вироиш | вироиши манбаъ]2014
- 29 апрел — Алиф Сармоя аз тарафи се нафар ташкил шуда, шартномаи қарзи автомобилиро бо аввалин муштарии худ ба имзо расонд.
2015
- 7 октябр — аввалин барномаи хусусии идоракунии муносибатҳои муштариёни Алиф (CRM) тарҳрезӣ шуд, ки баъдтар соли 2016 ба кор андохта шуд.
- Дар давоми нуҳ моҳи фаъолият Алиф сандуқи қарзии худро се маротиба афзоиш дод ва дар байни аъзои АТҚХТ 5-умин ташкилоти қарзии хурд гардид.
2016
- 14 март — ба ТАҚХ «Алиф Сармоя» барои гузаронидани амалиёти бонкӣ иҷозатнома дода шуд. Пас аз он Алиф Сармоя ҳуқуқ пайдо кард, то ки пасандоз кушояд ва дар дохилу хориҷи кишвар муомилоти молиявиро анҷом диҳад[4].
- 1 апрел аввалин суратҳисоби амонатӣ кушода шуд.
2017
- 1 январ — Алиф Сармоя низоми автоматикунонии бонкии худро ба кор андохт, ки онро дастаи барномасозии худи ширкат навишта буданд. Навиштан ва ба кор андохтани низоми автоматикунонии бонкии худ ба Алиф имкон дод, то ки қадами муҳиме дар роҳи табдил шудан ба як ширкати молиявию фанноварӣ гузорад.
- 17 март — Алиф Сармоя ба Низоми миллии пардохтии «Корти миллӣ» пайваст ва ба барориши кортҳои пардохтии «Корти миллӣ» оғоз кард.
- 3 июн — Alif Shop яке аз аввалин маркетплейсҳо дар Тоҷикистон бо имкони хариди мол ба насия ба кор оғоз кард.
- 1 август — Алиф Академия кушода шуд ва барои рушди фанновариҳои иттилоотӣ дар Тоҷикистон дарсҳои ройгони барномасозиро оғоз намуд.
- 16 октябр — Алиф Сармоя аввалин маркази хидматрасонии бонкии худро дар Хуҷанд боз кард.
- 4 ноябр — Алиф аввалин платформаи эквайринги онлайнии Alif Pay-ро ба роҳ монд, ки ба дорандагони «Корти миллӣ» имкони онлайн пардохт кардани хидматрасониҳоро фароҳам овард.
2018
- 6 январ — ҳамёни мобилии Alif Mobi роҳандозӣ шуд.
- 29 январ — Алиф Сармоя ба низоми байналмилалии интиқоли пулҳо ҳамроҳ шуд.
- 15 март — ширкат корти овердрафтро бо насияи 10-рӯза ба муштариёни худ пешниҳод намуд.
- 20 август — Алиф корти насияи «Салом»-ро ба роҳ андохт, ки ба муштариён имкони хариди молу маҳсулотро ба тариқи онлайн ва офлайн медиҳад.
- 26 октябр — веб-сайти Alif Online бо як утоқи шахсӣ сохта шуд, ки дар он метавон тамоми амалиёт ва хадамоти истифодашударо пайгирӣ кард.
2019
- 13 ноябр — Ҳофиз Шаҳидӣ 25%-и саҳмияҳои Алиф Бонк-ро харида, раиси шӯрои нозирони Алиф Бонк гардид[5].
2020
- 3 январ — Алиф Сармоя барои амалиёти бонкӣ таҳти № 0000114 аз Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатнома гирифт ва табдил ба Алиф Бонк шуд[6].
- Июн — ширкати итолиёии MicroFinanza Rating қобилияти идоравии Алиф Бонкро аз ҷиҳати хафвҳо тасдиқ карда, ба бонк рейтинги молиявии устувори BBB Stable-ро дод[7].
- 7 июл — барои рушди экосистемаи пардохтҳои рақамӣ дар Тоҷикистон Алиф Бонк ва Visa шарикони стратегӣ шуданд[8].
2021
- 13 август — интернет-бонки Alif Business аз тарафи ширкати швейтсарии ImmuniWeb санҷиши амнияти иттилоотиро гузашт.
2022
2023
- Июл—август — дар натиҷаи як таҷзия ва таҳлили комил, агентии байналмилалии рейтингии MicroFinanza Rating (Итолиё) ба Алиф як рутбаи созмонии α- «Миёна» ихтисос дод. Ин имтиёз поя ва асоси солим, маҳоратҳои мудирияти хавф (риск) ва устувории молии бонкро нишон медиҳад.[11].
- Алиф се иҷозатномаи фаъолият дар бозори қоғазҳои қиматнокро гирифт, ки доираи хадамотро густариш медиҳад[12].
2024
- Alif Mobi озмоиши амнияти кибериро аз ҷониби ширкати байналмилалии Snapsec гузашт ва уҳдадории худро нисбат ба амнияти рақамӣ таъйид кард.[14]
- Алиф Бонк ва Mastercard созишномаро барои тавсеаи пардохтҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон имзо карданд ва барориши кортҳои Mastercard-ро шурӯъ намуданд[15][16]. Ин аввалин маротиба аст, ки як бонки тоҷикӣ мустақиман кортҳои Mastercard мебарорад; қаблан чунин кортҳоро дар кишвар танҳо Halyk Bank (пештар «Kazkommertsbank»), ки бонки Қазоқистон мебошад, пешниҳод мекард. [сарчашма оварда нашудааст 257 рӯз]
- Алиф Бонк 10-умин солгарди худро бо тааммул аз даҳсолаи дастовардҳо ва рушд ҷашн гирифт[17].
- Алиф Бонк ва Visa хадамоти Google Pay-ро дар Тоҷикистон муаррифӣ карданд, ки имконоти пардохти рақамиро пеш мебарад[18].
2025
- Алиф Бонк моҳи июли 2025 Visa Direct to Account пардохтҳои тиҷорӣ ва интиқоли бидуни комиссияро роҳандозӣ мекунад. Истифодабарандагони Alif Business метавонанд интиқоли B2B, B2C ва B2G-ро мустақиман ба Имороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, ИМА, Канада ва дигар кишварҳо анҷом диҳанд.
- Моҳи августи 2025 барномаи Alif интиқолҳоро ба Чин тавассути Alipay ва WeChat бидуни комиссия ё табдили дукарата пешниҳод мекунад.
- Моҳи сентябри 2025 хидматрасонии нави мубодилаи асъор дар барномаи Alif дастрас мегардад, ки имкон медиҳад то доллар, евро ва рубл бидуни боздид аз бонк мубодила шавад.
Фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Алиф Бонк хидматрасониҳои молиявиро бо риояи меъёрҳои маблағгузории исломӣ (Муробаҳа ва Музораба) пешниҳод менамояд, ки дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба бонкҳои классикӣ татбиқ мешаванд.
Алиф Бонк аз рӯзи аввали таъсис талош дорад, то ки ба бонки исломӣ табдил ёбад ва дар ин замина корҳоеро низ анҷом додааст.
Саридораи бонк дар шаҳри Душанбе буда, дорои ду филиал ва якчанд марказҳои хидматрасонӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд аст. Марказҳои хидматрасонии Алиф Бонк дар якчанд шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон: Истаравшан, Бӯстон, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Исфара, Панҷакент,Спитамен Бохтар, Кӯлоб, Данғара, Ëвон, Восеъ, Ҷаллолиддини Балхӣ, Ҳисор, Ваҳдат ва Турсунзода, Рӯдакӣ ҷойгир шудаанд.[19]
Сохтори холдингӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Alif Capital Holdings Limited ширкати холдингӣ ва саҳмдори асосии Алиф Бонк буда, саридораи он дар Бритониёи Кабир ҷойгир мебошад.[20]
31 декабри соли 2025 ҳаҷми пардохтшудаи сармояи оинномавии ҶСК «Алиф Бонк» 257 300 000 сомониро ташкил додааст[21].
Мушкилот
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар тӯли фаъолият Алиф Бонк ба мушкилоти гуногуне дучор шудааст. Аз ҷумла 20 июни соли 2020 Бонки миллии Тоҷикистон Алиф Бонкро барои мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи кадрӣ 500 000 сомонӣ ҷарима кард. Инро Абдулло Қурбонов «шаффофияти кор» ва «масъулияти бонк дар назди ҷомеа» гуфта буд[22][23].
Дар соли 2021 Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Алиф Бонк пардохти иловагии андоз дар ҳаҷми тақрибан 1,6 миллион сомониро (бо дарназардошти ҷаримаҳо) талаб кард, ки онро ба андозҳои давраи соли 2019 рабт дода буд, ки пас аз баҳси додгоҳӣ Алиф Бонк маҷбур шуд 1 600 000 сомонӣ маблағ пардохт кунад[24][25].
Роҳбарон
[вироиш | вироиши манбаъ]Раиси ҶСК «Алиф Бонк» — Гуланор Атобек[26]
Муовини Раиси ҶСК «Алиф Бонк»— Акбарджон Мамаджонов
Муовини Раиси ҶСК «Алиф Бонк» — Хушвактмурод Шарифов
Маҳсулоти бонкии Алиф
[вироиш | вироиши манбаъ]Алиф ҳамчун ширкати молиявии дар ҳоли рушд лоиҳаҳои гуногунро дар самтҳои молия, фанноварӣ ва маориф ба мардум пешниҳод мекунад:
- Низоми автоматикунонии бонкӣ (CBS) — содагардонии раванди коркарди маълумот, таъмини иҷрои амалиёти электронӣ, пардохтҳо дар реҷаи худкор ва муҳосибот.
- Мудирияти иртибот бо муштарӣ (CRM) — платформаи кории ширкат мебошад. Дар ин ҷо маълумоти муштариён ва тамоми равандҳои тиҷоратӣ нигоҳ дошта мешаванд.
- Alif Shop — мағозаи интернетӣ барои харид ба насия ва нақд. Яке аз аввалин бозоргоҳ (маркетплейс) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки мағозаҳои пойтахт ва ноҳияҳои кишварро муттаҳид кардааст.[27]
- Alif Business — бонки интернетист, ки дар он муштариёни корпоративӣ метавонанд мустақиман аз телефон ё компютери худ амалиёти бонкиро анҷом диҳанд. Ҳамчунин дар Alif Business пардохтҳои тиҷоратӣ ба хориҷи кишвар тавассути Visa Direct ба ҳамён ва Visa Direct Account мавҷуд аст. [28]
- Корти «Салом» — корти насияи Бонки Алиф, ки имкони харидро дар саросари Тоҷикистон ба тариқи насия фароҳам меорад.[29]
- Барномаи Alif (пештар: Alif Mobi) — ҳамёни мобилиест, ки дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон истифода мешавад. Бо ин барнома муштариён метавонанд хароҷоти коммуналию дигар хидматрасониро пардохт кунанд, пул интиқол диҳанд, бо QR-рамз харид намоянд ва маблағҳои худро онлайн идора кунанд.[30]
- Alif Pay — низоми пардохти онлайн бо истифода аз кортҳои «Корти миллӣ»-и тамоми бонкҳои Тоҷикистон мебошад.
- Корти миллӣ-и Алиф Бонк — корт барои интиқолу харид ва пардохтҳо дар дохили кишвар.
- Корти Visa-и Алиф Бонк — корт барои интиқолу харид ва пардохтҳо дар дохилу хориҷи кишвар.
- Корти Mastercard-и Алиф Бонк — барои истифодабарандагони худ имконият медиҳад, ки дар дохил ва хориҷи кишвар пардохтҳо ва интиқолҳоро анҷом диҳанд.
- Қарзи нақдӣ — ягона хидматрасонии бонк, ки ба муштариён иҷозат медиҳад, маблағро ба таври нақдӣ қарз гиранд.
- Кушодани амонат — Алиф Бонк хидматрасонии амонатиеро пешниҳод менамояд, ки дар он муштариён метавонанд маблағҳои худро дар сомонӣ ё доллар бо фоизи солонаи то 15% дар намудҳои гуногун — аз ҷумла «Мақсад», «Муҳлатнок» ва «Дилхоҳ вақт» — ҳадди ақал аз 1 сомонӣ сармоягузорӣ кунанд.[31]
- Хариди мошин — Алиф Бонк хидматрасоние пешниҳод менамояд, ки тавассути он муштариён метавонанд мошинҳои нав ё дасти дуюмро бо пардохти тақсимии то 60 моҳ харидорӣ намоянд.[32]
- Лизинг — Алиф Бонк хидматрасонии лизингро барои соҳибкорон пешниҳод менамояд, ки тавассути он корхонаҳо метавонанд нақлиёти тиҷоратӣ, таҷҳизоти сохтмонӣ ва дигар техникаи кориро бо пардохти тақсимии то 36 моҳ ба истифода гиранд ва пас аз анҷоми шартнома онро ба моликияти худ дароранд.[33]
- Маблағгузории хона — Алиф Бонк хидматрасоние пешниҳод менамояд, ки тавассути он муштариён метавонанд хонаи мавриди назарашонро харидорӣ намуда, арзиши онро бо пардохти тақсимии то 8 сол баргардонанд.[34]
Моликон
[вироиш | вироиши манбаъ]Тибқи иттилои сомонаи Alif Capital Holdings Limited ҳаммуассисону нозирони ширкат Абдулло Қурбонов, Зуҳуршо Раҳматуллоев ва Фирдавс Мирзоев буда, Ҳофиз Шаҳидӣ, Фирдавс Шаҳидӣ, Раҷаббек Сулаймонбеков ва Насим Алибҳай ҳамчун нозирон сабт шудаанд[35].
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]2019
- Ифтихорномаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои софдилонаи қонунгузории андоз ва саҳми назаррас дар қисми даромади буҷети давлатӣ;
- Ҷоизаи тиллоии «Бренди сол — 2019» таҳти унвони «Қуллаи шараф»;[36]
2020
- Best Digital Wallet 2020;[37]
- Ғолиби номинатсияи Fastest Growing Retail Bank Tajikistan 2020 аз рӯи Global Banking & Finance;[38]
2021
- ICD's Global Finnovation Award 2020 барои ҳалли навоваронаи ҳамёни Alif Mobi ва корти насияи «Салом»;[39]
2022
- Эътироф ва мукофоти «Бароҳмонии Visa Infinite ва Platinum дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби низоми пардохти байналмилалии Visa;
- Ҷоизаи солонаи «Конгресси ҷаҳонии соҳибкорӣ» дар номинатсияи GENStarters Award 2022, Риёз, Арабистони Саудӣ;
2023
- Alif Shop ягона стартап аз ИДМ дар ТОП-100 EWC 2022;[40]
- Ҷоизаи тиллоии «Бренди сол — 2022» дар категорияи «Ташкилоти молиявӣ»; ҷоизаи нуқра ба интернет-мағозаи Alif Shop ва ҷоизаи биринҷӣ ба «Алиф Академия»;[41]
- Ҷои якуми озмуни «Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хидматрасонии соҳибкории бонувон 2022» дар номинатсияи «Кушодан ва пешбурди суратҳисоби бонкӣ»;[42]
2024
- ISLAMIC DEBIT CARD OF THE YEAR;[43]
- Ҷоизаи миллии тиҷорати рақамии Тоҷикистон дар номинатсияи «Беҳтарин лоиҳаи технологияи молиявӣ (Fintech)» ва «Беҳтарин майдони электронӣ (маркетплейс)».[44]
2025
- Алиф Бонк дар озмуни «Беҳтарин ташкилоти молиявӣ ва қарзӣ барои хидматрасонӣ ба занони соҳибкор» дар номинаи «Насб ва истифодаи воситаҳои пардохти электронӣ» ҷои аввалро гирифт.
- Алиф Бонк аз Mastercard се ҷоиза мегирад: «Пешқадами рушди устувор», «Маъракаи эҷодии маркетингӣ 2025» ва «Иқдоми муваффақонаи Mastercard Send 2025».
- Алиф Бонк дар озмуни миллии «Бренди сол 2025» чор ҷоизаи тиллоӣ дар бахшҳои «Ташкилоти молиявӣ», «Технологияҳои муосир» ва «Фарҳанг ва маориф» соҳиб мешавад.[45]
- Алиф Бонк аз Visa 8 ҷоиза ба даст меорад: «Беҳтарин истеҳсолкунандаи Visa Direct», «Беҳтарин содиркунандаи кортҳои тиҷории Visa», «Беҳтарин содиркунандаи корт дар бозори дохилӣ», «Маъракаи таблиғотии Google Pay», «Оғоз ва таблиғи ҳалли VDA/W», «Татбиқи Risk Manager дар Visa», «Татбиқи ALM», «Интегратсияи киберманбаъ дар Visa».
2026
- Алиф Бонк дар моҳи апрели соли 2026 сертификати байналмилалии PCI DSS версияи 4.0.1-ро, ки яке аз асоситарин стандартҳои ҳифзи маълумот дар соҳаи пардохт ба шумор меравад, аз ҷониби ширкати мустақили Compliance Control Ltd (Таллин, Эстония) ба даст овард.[46]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Алиф. Как финтех в Таджикистане создал собственную экосистему, открыл IT-академию и привлёк $10 миллионов инвестиций в капитал — Алиф на vc.ru(англ.). vc.ru (17 May 2021). 27 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Таъсиси боз як бонк дар Тоҷикистон. “Алиф Сармоя” ба “Алиф Бонк” табдили ном кард. asiaplustj.info. ASIA-Plus (6 Январ 2020). 27 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Micro-financing organization using the principles of Islamic Finance upgraded into bank. asiaplustj.info. ASIA-Plus. 27 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ ООО МДО “Алиф-сармоя” выдана лицензия на проведение банковских операций. nbt.tj. Национальный Банк Таджикистана (15 марти 2016). 28 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Таджикский предприниматель из Монако инвестировал в компанию «Алиф Капитал». ASIA-Plus (13 ноябри 2019).
- ↑ «Алиф Сармоя» переименован в «Алиф Банк» | НИАТ "Ховар"(рус.). 28 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ MFR Reports - Financial & Social Ratings & Assessments. MFR. 28 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Visa и Алиф Банк объявили о стратегическом партнерстве для развития цифровой платежной экосистемы в Таджикистане | Новости Таджикистана ASIA-Plus(рус.). asiaplustj.info. 28 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Раиси “Алиф Бонк” нав шуд(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (2 ноябри 2022). 29 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Роҳбари нави «Алиф Бонк». Гуланор Атобек кист? (аудио). Pressa.tj. 29 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ MFR в очередной раз подтвердило финансовую устойчивость Алиф Банка. asiaplustj.info. ASIA-Plus. 27 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Алиф получил 3 лицензии на осуществление деятельности на рынке ценных бумаг | Новости Таджикистана ASIA-Plus(рус.). asiaplustj.info. 29 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Алиф заключил инвестиционные договоры с Mashreq Bank (ОАЭ) и Aktif Bank (Турция) | Новости Таджикистана ASIA-Plus(рус.). asiaplustj.info. 29 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Alif Mobi успешно прошёл проверку кибербезопасности. Asia-Plus (1/02/2024).
- ↑ «Алиф» и Mastercard заключили долгосрочное соглашение для развития безналичных платежей в Таджикистане | Новости Таджикистана ASIA-Plus(рус.). www.asiaplustj.info. 29 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Tajikistan's bank starts issuing Mastercard cards(рус.). trend.az. 5 сентябри 2025 санҷида шуд.
- ↑ «Алифу» - 10 лет: мечта компании, принёсшая много перемен | Новости Таджикистана ASIA-Plus(рус.). asiaplustj.info. 29 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ «Алиф» и Visa представляют новый уровень платежей с Google Pay в Таджикистане | Новости Таджикистана ASIA-Plus(рус.). asiaplustj.info. 29 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Терминалҳо, банкоматҳо ва офисҳо | Алиф(тоҷ.). Терминалҳо, банкоматҳо ва офисҳо | Алиф. 25 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Alif Capital Holdings.
- ↑ Маълумот дар бораи саҳмдор. Алиф.
- ↑ Бонки миллӣ «Алиф»-ро 500 000 ҷарима баст. Соли оянда боз санҷиш! https://pressa.tj/bonki-mill%D3%A3-alif-ro-500-000-%D2%B7arima-bast-soli-oyanda-boz-san%D2%B7ish/
- ↑ За что оштрафовали «Алиф Банк» на полмиллиона сомони, и какие теперь планы у банка? Подробнее: https://www.asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/economic/20200622/za-chto-oshtrafovali-alif-bank-na-polmilliona-somoni-i-kakie-teper-plani-u-banka
- ↑ Кумитаи андоз аз «Алиф Бонк» пардохти 1,6 млн андозу ҷаримаи иловагиро талаб кардастПодробнее: https://asiaplustj.info/ru/node/295515
- ↑ Баҳси андозии Алиф https://www.youtube.com/watch?v=v30gc6OQUuc
- ↑ Sputnik Таджикистан. Назначен новый руководитель "Алиф банка": кто он(рус.). Sputnik Таджикистан (2 ноябри 2022). 26 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ alifshop.tj — онлайн-магазин с широким ассортиментом товаров в рассрочку и наличными(рус.). alifshop.tj — онлайн-магазин с широким ассортиментом товаров в рассрочку и наличными. 25 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ alif business. business.alif.tj. 25 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ https://salom.alif.tj/
- ↑ The Banker. Alif Bank looks to further international expansion(англ.). www.thebanker.com. 26 ноябри 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 феврали 2020.
- ↑ Амонатҳо дар Тоҷикистон | Алиф(тоҷ.). Alif Bank. 11 апрели 2026 санҷида шуд.
- ↑ Хариди мошин дар Тоҷикистон — нав ва истифодашуда | Алиф(тоҷ.). Alif Bank. 11 апрели 2026 санҷида шуд.
- ↑ Лизинг барои тиҷорати шумо | Алиф(тоҷ.). Alif Bank. 11 апрели 2026 санҷида шуд.
- ↑ Маблағгузории хариди хона дар Тоҷикистон | Алиф(тоҷ.). Alif Bank. 11 апрели 2026 санҷида шуд.
- ↑ ALIF CAPITAL HOLDINGS. www.alif.holdings. 26 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ «Бренди сол – 2019». Беҳтарини тоҷирони Тоҷикистон | Новости Таджикистана ASIA-Plus. asiaplustj.info. 25 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ GLOBAL BANKING & FINANCE AWARDS® – 2020 – Award Winners - Global Banking | Finance (en-GB). https://www.globalbankingandfinance.com/. 25 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ GLOBAL BANKING & FINANCE AWARDS® – 2020 – Award Winners - Global Banking | Finance(англ.). https://www.globalbankingandfinance.com/. 25 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ ICD ANNOUNCES WINNERS OF ITS INTERNATIONAL FINANCIAL INNOVATION COMPETITION TITLED "ICD'S FINNOVATION AWARD 2020 (08/08/2021).
- ↑ Алиф среди лучших: единственный стартап из СНГ в ТОП-100 EWC 2022(рус.). retail-loyalty.org (2 марти 2023). 19 Декабри 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Декабри 2024.
- ↑ Алиф. Telegram. 25 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ БМТ. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар доираи як озмун қадр шуданд. Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурият (16 май 2023). 25 Декабри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Global Islamic Finance Awards 2025 - The Digital Banker (en-US). 25 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Моҳинави Наврӯз. Ғолибони якумин «Ҷоизасупории миллӣ дар самти тиҷорати рақамӣ (e-commerce)» ҳавасманд гардонида шуданд. АМИТ «Ховар» (7 Декабри 2024). 19 Декабри 2024 санҷида шуд.
- ↑ ncpi.tj. Маросими ҷоизасупории ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол – 2025». ncpi.tj/. ncpi.tj (11.12.2025).
- ↑ Азия+. https://asiaplus.news/2026/04/04/alif-poluchil-sertifikat-bezopasnosti-pci-dss-podtverdiv-vysokij-uroven-zashhity-platyozhnyh-dannyh/, Asia-Plus (04.04.2026 11:00).
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- alif.tj — вебгоҳи расмии Алиф Бонк