Jump to content

Зайниддин Зулфиқоров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зайниддин Зулфиқоров
Зайниддин Зулфиқоров
Зайниддин Зулфиқоров
Зайниддин Зулфиқоров
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 1 май 1941(1941-05-01) (83 сол)
Зодгоҳ Ноҳияи Исфара
Пеша(ҳо) оҳангсоз
Гурӯҳ роҳбари бадеии гурӯҳи эстрадии «Суғдиён»-и Тоҷикконсерт (1988-1996)

Зайниддин Зулфиқоров (тав.01.05.1941, деҳ.Ворухи ноҳияи Исфара) — оҳангсози (композитор) муосири тоҷик.23 феврал вафот кард

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Омӯзишгоҳи мусиқии ш.Душанбе (1959) ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода(1980). Муҳаррири калони шуъбаи мусиқӣ, дирижёри оркестри созҳои миллӣ (1966-1973), роҳбари бадеии Ансамбли бонувони рубобнавози Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1973-1975), муаллими омузишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (1975-1978), роҳбари мусиқии театри ҷавонон (1978-1980), муаллими мактаби мусиқии шаҳри Исфара (1980-1988), роҳбари бадеии гурӯҳи эстрадии «Суғдиён»-и Тоҷикконсерт(1988-1996), муаллим, директори мактаби мусиқии шаҳри.Исфара(1996-2003) ва аз соли 2003 нафақахӯр.

Зулфиқоров дар офаринишини асарҳо ба услубу анъанаҳои мусиқии классикӣ ва халқии тоҷик такя мекунад ва эҷодиёташро аз фолклори ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон ғанӣ мегардонад. Бозёфтҳои эҷодии Зулфиқоров асосан дар жанри суруд зоҳир шудаанд. Мусиқиаш фораму дилнишин буда, бештар руҳбаландӣ ва инсонпарвариро ифода мекунад ва дар жанри сурудҳои эстрадӣ низ муваффақият пайдо кардааст, сарояндаи ансамбли эстрадии «Гулшан» Баҳодур Неъматов мусиқиашро дар эҷодиёташ истифода бурдааст. Дар эҷодиёти оҳангсоз мусиқӣ барои бачагон ҷойи намоёнро дорад. Дар мактабҳои мусиқии чумҳурӣ як қатор асарҳои Зулфиқоровро ҳамчун дастури таълимӣ меомӯзанд. Дар эҷодиёти Зулфиқоров инчунин жанри хор мавқеи хос дорад. Узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон ва ИҶШС(1984), раиси созмони ромишгарони XТ (1992).[1]

ЭзоҳЗайнидин Зулфикоров имруз 23 Феврал вафот кард

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011.