Баҳодур Неъматов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Баҳодур Неъматов
Баҳодур Неъматов
Баҳодур Неъматов 1.jpg
Баҳодур Неъматов, соли 2016
Иттилооти асосӣ
Санаи таваллуд

20 июл 1954(1954-07-20) (65 сол)

Зодгоҳ

Душанбе

Касб(ҳо)

сароянда ва мутриб

Гурӯҳ

ансамбли эстрадии «Гулшан»

Баҳодур Неъматов – сарояндаи ансамбли эстрадии «Гулшан», Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш]

Баҳодур Неъматов 20 июли соли 1954 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст. Аз соли 1977 дар ансамбли эстрадии «Гулшан» кор мекард. Аз январи соли 2001 то апрели 2003 роҳбарии онро ба уҳда дошт. Ҳоло ба ҳайси омӯзгори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов фаъолияти омӯзгориро давом дода истодааст.[1]

Эҷодиёт[вироиш]

Баҳодур Неъматов овозхони соҳибистеъдод ва бомаҳорати эстрадаи тоҷик аст ва дар инкишофи ин навъи ҳунар хидмати пурарзише кардааст. Зиёда аз 100 суруд дар иҷрои ў садо доданд, ки дар фонди Радио тоҷик ва ТВТ сабт гардиданд. Дар иҷрои ў сурудҳои “Эй Ватан”, “Шаб ба хайр”, “Майда –майда мерақсӣ”, “Ҷононаке”, “Бути нозанин”, “Гулро намефўшанд”, “Ишқи дерин”, “Чу механдӣ”,“Чашми сиёҳе дорӣ”,“Боз ошиқ шавам”, “Дунёи ҷавонӣ”,“Ёр, ёр дилозор”, “Сулҳ”, “Ҷон модарам”, “Занг бизан”, “Душанбе – шаҳри Ваҳдат”, “Эй ҳамватан”,“Тоҷикистон” ва ғайра ба сабку равиши нотакрор садо медиҳанд. Баҳодур Неъматов бо оҳангсозон Қудратуллоҳ Яҳёев, Амирбек Мусоев, Зайниддин Зулфиқоров ва дигарон ҳамкорӣ намудааст. Ба баъзе сурудҳо худаш оҳанг бастааст. Дар чанде аз фестивал-озмунҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, ба чанде аз кишварҳои дунё – Афғонистон, Япония, Куриё ва ғайра сафари ҳунарӣ доштааст.[2]

Адабиёт дар бораи Баҳодур Неъматов[вироиш]

  • Самадов, А. Суруди Баҳодур: Неъматов Б. аз ансамбли эстрадии «Гулшан» // Маориф ва маданият . – 1980 . – 4 сентябр.
  • Мавлавиев, М. Суруди дилҳо: Дар бораи солисти ансамбли «Гулшан» Баҳодур Неъматов // Комсомоли Тоҷикистон. – 1981 . – 23 август.
  • Шаҳриёр, Н. Пайсипари роҳи худ: Аз хунарнамоии ҳофизи ансамбли эстрадии «Гулшан» Баҳодур Неъматов // Адабиёт ва санъат. – 1988. – 19 май.
  • Маҳмадалӣ, А. «Барги сабз» муборак!: Оиди суруди Баҳодур Неъматов дар қартаи овози «Барги сабз» // Паёми Душанбе . – 1900 . – 5 июл.
  • Ҳақназар. Ш. Тарош бо Баҳодур Неъматов тешаи худҷодаи хеш…: Дар бораи ансамбли эстрадии «Гулшан» // Адабиёт ва санъат. – 1990. – 13 сентябр.
  • Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон дар бораи ба Неъматов Баҳодур солисти оркестри эстрадии «Гулшан» додани унвони фахрии «Артисти » хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон // Ведамости Совети Олии РСС Тоҷикистон . – 1990 . – № 15 . – С.5.
  • Неъматов, Б. Дилатон шод бод: Мусоҳибаи рўзноманигор Т. Икромов бо ҳофизхони дастаи хунарии «Гулшан» // Овози тоҷик. – 1992. – 1 январ.
  • Неъматов, Б. «Гулшан» сўи саҳна меояд: Мусоҳибаи рўзноманигор М. Мақсадуллоҳ бо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Баҳодур Неъматов // Оила. – 2001. – 30 март.
  • Неъматов, Б. «Гулшан» дастгирӣ мехоҳад: Мусоҳибаи рўзноманигор Б. Шарифзода бо Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, роҳбари оркестри эстрадии «Гулшан» Баҳодур Неъматов // Чархи гардун. – 2001. – 27 апрел.
  • Қодирдухт, Б. Баҳодур мехоҳад бо ишқ дунёро наҷот диҳад: Барои дарёфти ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ // Ҷумҳурият. – 2012 . – 12 июн.[3]

Нигаред[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

Манбаъ[вироиш]

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.

Шаблон:Шахсият-нопурра