Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Замини Нав (деҳа, н. Ҷайҳун)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Замини Нав
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Вилояти Хатлон
Ноҳия ноҳияи Ҷайҳун
Ҷамоат Деҳоти Панҷ
Таърих ва ҷуғрофия
Аҳолӣ
Шумора 2000 тан (2016)
Миллатҳо тоҷикон
Дин мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
коди телефон +992 3249
Нишонаи почта 735220

Замини Навдеҳа дар ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун. Аз Замини Нав то маркази ҷамоат 12 км, то маркази ноҳия 17 км, то маркази вилоят 75 км; роҳ қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 2000 нафар (2016), тоҷикон.

Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, масҷиди панҷвақта, осиёби барқӣ ва 2 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ, картошкапарварӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо ба воситаи наҳр аз рӯди Вахш обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 48 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.