Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зарбдор (деҳа, н. Ҷайҳун)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Зарбдор
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Вилояти Хатлон
Ноҳия ноҳияи Ҷайҳун
Ҷамоат Деҳоти Панҷ
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 3500 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3249
Нишонаи почта 735220

Зарбдор — деҳа дар ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун. Аз Зарбдор то маркази ҷамоат 8 км, то маркази ноҳия 12 км; роҳ қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 3500 нафар (январи 2017), тоҷикон.

Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, осиёби барқӣ, масҷиди панҷвақта ва 4 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, картошкапарварӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо ба воситаи наҳр аз рӯди Вахш обёрӣ мешавад. Дар ҳудуди деҳа 50 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.