Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Марзкат (ноҳияи Ҷайҳун)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Марзкат
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Вилояти Хатлон
Ноҳия ноҳияи Ҷайҳун
Ҷамоат Деҳоти Панҷ
Таърих ва ҷуғрофия
Номҳои пешина Октябр, Ваҳдат
Аҳолӣ
Шумора 3194 тан (2017)
Миллатҳо тоҷикон
Дин мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
коди телефон +992 3249
Нишонаи почта 735220
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Марзкат ((то 30.08.2024 — Ваҳдат[1]; то 28 феврали 2013 Октябр) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун. Аз деҳа то маркази ҷамоат 6 км, то маркази ноҳия 6 км; роҳ асфалтпӯш

Аҳолиаш 3194 нафар (2017), тоҷикон. Мардумаш солҳои 1949–1964 аз водии Қаротегин ба Ваҳдат кӯчидаанд

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, сартарошхона, нуқтаи савдои хусусӣ, 2 осиёби хусусӣ, 3 масҷиди панҷвақта ва масҷиди ҷомеъ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, зироаткорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз наҳри Қумсангир обёрӣ мешаванд.

  1. ↑ ADLIA. mmih.tj. 9 октябри 2024 санҷида шуд.