Занҷабил
| Занҷабил | ||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| | ||||||||||
| Табақабандии илмӣ | ||||||||||
|
ХАТО: пур кардани параметрҳои parent ва rang ҳатмӣ аст.
???: Занҷабил |
||||||||||
| Номи илмӣ | ||||||||||
| Мутародифот | ||||||||||
|
||||||||||
| ||||||||||
Занҷабил, гармдору (лот. Zīngiber officināle, ар. زنجبيل) — рустаниест бисёрсола ва доруӣ мансуби занҷабилиҳо. Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон қаламфурро низ барғалат «занҷабил» меноманд.
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Решапояаш ғафси лӯнда; аз буни соқа навдаю решаҳои иловагӣ нумӯъ мекунанд. Соқааш рост (то 1 м баланд мешавад), баргаш содаи яклухт, нештаршакл (ба барги най мемонад), гулаш бунафши зардча, хӯшагули саракмонанд дорад. Гинетсей аз 3 мевабарги часпида ташаккул ёфтааст. Самараш ғӯзаи сепалла. Решапояи занҷабил хушбӯй ва тунд буда, дар таркибаш равғани эфир, витаминҳои C, B1, B2, аминокислотаҳо мавҷуданд.
Паҳншавӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ватани занҷабил аслан Осиёи Ҷанубу Шарқист. Дар табиат занҷабили худрӯй дучор намеояд. Онро дар Африқои Ғарбӣ, Хитой, Индонезия, Шри-Ланка ва Австралия парвариш мекунанд. Занҷабил аз ҳама бештар дар Арабистон, Англия ва ИМА истифода мешавад. Занҷабил бо роҳи нашвӣ — аз решааш афзоиш меёбад. Бехи хушки занҷабилро дар саноати хӯрокворӣ дар шакли хока чун адвиёт истифода мебаранд. Он вобаста ба тарзи истеҳсол сафед (аз пӯст тоза карда, дар офтоб хушконда шудааст) ва сиёҳ (бо пӯсташ ҷӯшонда мехушконанд) мешавад.
Хосиятҳои шифоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дисқуридус гуфтааст: «Занҷабил бехҳои хурде чун бехҳои мушки заминист, рангаш ба сафедӣ бизанад, таъмаш таъми мурчро монад, хушбӯй бувад, лекин латифии мурчро надорад».
Занҷабилро Абуалии Сино дар табобати нақси чашм ва аъзои ҳозима истифода мебурд. Ба ақидаи табибони халқӣ истеъмоли занҷабил неруи ҳофизаро афзун ва фаъолияти узвҳои ҳозимаро беҳтар мегардонад, гиреҳи ҷигарро мекушояд, бодҳои ғализи меъда ва рӯдаҳоро таҳлил медиҳад, зардпарвин ва чакмезакро, ки аз заъфи аъзои пешобзо пайдо шуда бошанд, шифо мебахшад. Занҷабил исҳолеро, ки дар натиҷаи вайрон шудани ғизо зуҳур кардааст, манъ менамояд, заҳри ҳайвониро аз бадан дафъ мекунад, ташнагиро мешиканад. Вале истеъмоли занҷабил ба ҳалқ зарар дорад (дар ин ҳолат асал ва равғани бодоми ширин бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд). Занҷабил дар тибби муосир барои муолиҷаи буғумдард (артрит, артроз, остеоартроз), бемориҳои меъда, атеросклероз истифода мешавад.
Занҷабил иштиҳоовар буда, гардиши хунро ба низом медарорад. Вале истеъмоли занҷабил ба ҳалқ зарар дорад (дар ин ҳолат асал ва равғани бодоми ширин бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд). Миқдори як бор хӯрдан аз занҷабил рӯзе то 7 грамм аст.
Бех
[вироиш | вироиши манбаъ]

Бехи занҷабил хушбӯй ва тунд буда, аз равғани эфир ва пайвасти фенолии гингерол иборат аст. Бехи хушки занҷабилро дар саноати хӯрокворӣ истифода мебаранд. Он вобаста ба тарзи истеҳсол сафед (аз пӯст тоза карда дар офтоб хушконда шудааст) ва сиёҳ (бо пӯсташ ҷӯшонда мехушконанд) мешавад.
Бехи занҷабил (лот. Rhizoma Zingiberis) дар дорухонаҳо, дар намуди тозакардашуда ё тозанашуда аз пусташ мавҷуд аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Занҷабил // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Энсиклопедияи мухтасари тиб. Ҷилди II. — Душанбе, 2011. СИЭМТ, — 512 с. — ISBN 978-99947-33-44-6