Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зарбуз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Зарбуз (деҳа, н. Шоҳин))
Деҳа
Зарбуз
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Вилояти Хатлон
Ноҳия ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
Ҷамоат Деҳоти Лангардара
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 114 нафар (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3319

Зарбуз — деҳа дар ҷамоати деҳоти Лангардараи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин. Аз Зарбуз то маркази ҷамоат 14 км, то маркази ноҳия 74 км; роҳ худравгард. Аҳолиаш 114 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Бақодара таҳсил мекунанд. Деҳа осиёби обӣ ва нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо қисман лалмӣ буда, қисми дигарашон аз чашмаҳои кӯҳӣ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 2 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.