Арабо (деҳа, н. Шоҳин)
Намуди зоҳирӣ
| Деҳа | |
Арабо | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Вилояти Хатлон |
| Ноҳия | ноҳияи Шамсиддин Шоҳин |
| Ҷамоат | Деҳоти Саричашма |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 755 нафар (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Пешшумораи телефон | +992 3319 |
Арабо — деҳа дар ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин. Аз Арабо то маркази ҷамоат аз 1 км камтар, то маркази ноҳия 75 км, то маркази вилоят 200 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 981 нафар (2009), тоҷикон.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Дорухона ва нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Деҳа мактаб надорад. Кӯдакон дар мактаби деҳаҳои Одинабой ва Мирзоалӣ таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, зироатпарварӣ ва чорводорӣ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арабо // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2