Гулистон (деҳа, н. Шоҳин)
Намуди зоҳир
| Деҳа | |
Гулистон | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Хатлон |
| Ноҳия | Шамсиддин Шоҳин |
| Ҷамоат | Деҳоти Саричашма |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 592 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Пешшумораи телефон | +992 3319 |
Гулистон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин. Аз Гулистон то маркази ҷамоат 12 км, то маркази ноҳия 82 км, то маркази вилоят 210 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 592 нафар (2017), тоҷикон.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ, масҷиди панҷвақта, нуқтаҳои савдои хусусӣ, 2 осиёби барқӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Ҷилга давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо ‒лалмӣ. Дар ҳудуди Гулистон 6 хоҷагии хурди деҳқонӣ ва хоҷагии деҳқонии «Гулистон» мавҷуд аст.
Ёдмонҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз ёдгориҳои таърихӣ дар Гулистон оромгоҳи Шайх Ёрмуҳаммади Валӣ маҳфуз мебошад, ки зиёратгоҳи мардум аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулистон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2