Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зафаробод (деҳа, н. Ҳамадонӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Зафаробод
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Вилояти Хатлон
Ноҳия ноҳияи Ҳамадонӣ
Ҷамоат Деҳоти Панҷоб
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1622 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3315
Нишонаи почта 735370

Зафаробод (то соли 1996 Ниҳолпарварӣ) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Ҳамадонӣ.

Соли 1960 бунёд шуда, аҳолиаш аз деҳаҳои ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ба ин минтақа кӯчидаанд. Аз деҳа то маркази ҷамоати деҳот 5 км, то маркази ноҳия 3 км. Аҳолиаш 1622 нафар (2017). Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, масҷиди панҷвақта, осиёби барқӣ, ду нуқтаи савдои хусусӣ ва бунгоҳи тиббӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ниҳолпарварӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз рӯди Панҷ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа хоҷагии давлатии ниҳолпарварӣ фаъолият дорад.