Гулистон (деҳа, н. Ҳамадонӣ)
Намуди зоҳир
| Деҳа | |
Гулистон | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Хатлон |
| Ноҳия | Ҳамадонӣ |
| Ҷамоат | Деҳоти Заркӯҳ |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 1994 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Шиносаҳои ададӣ | |
| Пешшумораи телефон | +992 3315 |
| Нишонаи почта | 735370 |
|
|
|
Гулистон — деҳа дар ҷамоати Деҳоти Заркӯҳи ноҳияи Ҳамадонӣ. Аз Гулистон то маркази ҷамоат 2 км, маркази ноҳия 7 км, то маркази вилоят 150 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1994 нафар (2017), тоҷикон.
Гулистон соли 1957 ташкил шуда, аҳолиаш аз деҳаи Мулоёби ҷамоати деҳоти Ёли ноҳияи Шӯрообод кӯчидаанд.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта, 4 нуқтаи савдои хусусӣ, сартарошхона, китобхона ва 2 осиёби барқӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёи Панҷ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулистон 115 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулистон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2