Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Гулрез (деҳа, н. Ҳамадонӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гулрез
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Вилояти Хатлон
Ноҳия ноҳияи Ҳамадонӣ
Ҷамоат Деҳоти Хоҷамуъмин
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Олимтой
Аҳолӣ
Аҳолӣ 263 нафар (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3315
Нишонаи почта 735370
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Гулрез (собиқ Олимтой, то соли 2012 )— деҳа дар ҷамоати деҳоти Хоҷамуъмини ноҳияи Ҳамадонӣ. Аз Гулрез то маркази ҷамоат 10 км, то маркази ноҳия 21 км, то маркази вилоят 167 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 263 нафар (2017), тоҷикон.

Бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта, 3 нуқтаи савдои хусусӣ ва мактаби таҳсилоти умумии асосӣ дорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Гулободи ҳамин ҷамоат ва деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ таҳсилро идома медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо – лалмӣ. Дар ҳудуди деҳа марқади Махсуми Санги Кулӯла мавҷуд аст, ки зиёратгоҳи мардум мебошад.