Jump to content

Зубайдулло Султонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зубайдулло Султонов
Зубайдулло Султонов
Зубайдулло Султонов
Зубайдулло Султонов
Таърихи таваллуд 10 май 1942(1942-05-10) (82 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Айнӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисодиёт
Ҷойҳои кор Шуьбаи Тоҷикистонии Пажуҳишгоҳи Вазорати савдои ИҶШС, Бонки миллии ҶТ, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи хоҷагии халқи ба номи Г.В.Плеханови ш. Маскав
Ҷоизаҳо медали "Хидмати шоиста" (2009), Нишони Аълочии маорифи ҶТ. Корманди фахрии макотиби олии касбии Федератсияи Русия (2006)

Зубайдулло Султонов — (10 майи соли 1942, ноҳияи Айнӣ), иқтисодшинос, доктори илми иқтисодӣ (1995), профессор (2000). Аълочии маорифи ҶТ. Корманди фахрии макотиби олии касбии Федератсияи Русия (2006)[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зубайдулло Султонов дар деҳаи Искодар,ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Хатмкунандаи Донишкадаи хоҷагии халқи ба номи Г.В.Плеханови ш. Маскав (1968). Ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи банақшагирии хоҷагии халқи ДДТ ба номи В.И.Ленин (1968-1978), корманди калони илмӣ, мудири шуьбаи тадқиқоти моливу бозории шуьбаи Тоҷикистонии Пажуҳишгоҳи умумииттиҳодии Вазорати савдои ИҶШС оид ба илм (1991-1996), муҳандиси асосии Идораи муносибатҳои байналхалқии Бонки миллии ҶТ (1996-2002). Аз соли 2002 мудири кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон буд. Ҳоло профессори кафедра.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Султонов муаллифи зиёда аз 150 кори илмӣ ва методӣ доир ба мушкилоти истифодаи захираҳо,сиёсати пуливу молӣ, ҳамгироии танзими бозори асьор ва дигар бозорҳои молӣ мебошад. Дар асарҳои Султонов З. захираҳои маьданӣ, заминӣ, обӣ ҳолат, афзалият ва истифодаи онҳо муайян шуда, гунаҳои гуногуни ташкили истеҳсолот дар минтақаҳо пешкаш карда шудааст. Дар осори дигари нашршудааш ҷараенҳои ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироӣ дар ҷаҳон таҳқиқ шуда, натиҷа ва оқибатҳои ҷаҳонишавӣ, вокеьбинӣ ва қонунияти амиқшавии муносибатҳои иктисодии байни давлатҳои ИДМ, инчунин ҳолат ва рафти равандҳои ҳамгироӣ дар ИДМ, марҳилаҳои ҳалли мушкилоти ҳамгироии моливу асьорӣ дар ИДМ мавриди таҳлил қарор гирифтааст.

  • Анализ состояния и концепция развития, размещения производительных сил Ленинабадской области на период до 2005 (в соавт.). – Душанбе, 1989;
  • Концепция развития производительных сил Ленинабад. области до 2010г. – Душанбе, 1991;
  • Методы изучения и оценки природ- ных ресурсов. – Душанбе, 1999;
  • Валютно-финансовая интеграция государств-членов СНГ. – Душанбе, 2003;
  • Состояние и перспективы валютно-финансовой интеграции в ЕврАзЭС (в соавт.). – Душанбе, 2005;
  • Валютный рынок и валютное регулирование: Учебник. – Душанбе, 2009;
  • Международные валютно-кредитные и финансовые отношения. Курс лекций. – Душанбе, 2010. - 273 с.;
  • Финансы и кредит (вопросы, ответы, тесты, задачи). Учебное пособие. – Душанбе, 2010 - 79 с.;
  • Повышение финансовой грамотности населения. Учебное пособие. – Душанбе, 2012 - 112 с.;
  • Финансирование малого и среднего предпринимательства. Учебно-методическое пособие. – Душанбе, 2012 - 142 с.;
  • Банковская система и ее роль в развитии экономики. – Душанбе, 2013 - 182 с.;
  • Модуль "Финансирование". Учебно-методический материал. – Душанбе, 2013 - 109 с.;
  • Финансовые рынки. Учебник. – Душанбе, 2015 - 271 с.;
  • Механизмы управления государственным внешним долгом. – Душанбе, 2015 - 169 с.
  • медали "Хидмати шоиста" (2009);
  • нишони "Корманди фахрии макотиби олии касбии Федератсияи Русия" (2006) "Почетный работник высшего профессионального образования Российской Федерации". (2006);
  • Аълочии маорифи Тоҷикистон[2].

Адабиёт доир ба Зубайдулло Султонов

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • «Российско-Таджикский (славянский) университет» (в одном томе). Энциклопедия./ Главный редактор М.С.Имомов. - Душанбе, 2011
  • Российско-Таджикский (Славянский) университет:вчера, сегодня, завтра. 1996-2016. – Душанбе, 2016.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]