Ибни Дурайд
Таърихи таваллуд | 837[1] ё 838[2] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 19 июл 933[3] |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Шогирдон | Абуалӣ Наҳвии Форсӣ ва Абулҳасани Румонӣ[d] |
![]() |
Абубакр Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Дурайди Аздӣ (ар. محمد بن حسن بن درید; 837[1] ё 838[2], Басра[2][1] — 19 июл 933[3], Бағдод) — шоир, нависанда ва забоншиноси арабинависи эронитабор.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хонаводаи Ибни Дурайд аз бузургони қабилаи Азд буданд. Худ ривоят кардааст, ки дар Кӯйи Солеҳи Басра ба дунё омада, дар ҳамон ҷо таҳсили илм намудаст. Соли 871 ҳангоми шӯриши зангиҳо ҳамроҳи амакаш аз Басра ба Уммон гурехта, 12 сол дар он ҷо зиндагӣ кард. Соли 882 боз ба Басра баргашта, 30 соли дигар дар Басра монд. Бархе аз сарчашмаҳо зикр кардаанд, ки ӯ аз Уммон ба Ҷазоиру-л-баҳр ва ҷазираи Ибни Имора рафт ва аз он ҷо ба Эрон омада, дар дарбори Оли Микол котибӣ кард. Соли 919 ба Бағдод омада, ба кори тадрис пардохт. Дар он ҳангом ҳамчун донишманди шеъру луғат шуҳрати баланд касб карда, назди халифа Муқтадир Биллоҳ эҳтироми бузург дошт. Халифа барои ӯ ҳар моҳ 500 динор нафақа муқаррар намуд. Шогирдони ӯ (64 нафар) Абуалии Қолӣ, Разбонӣ, Ибни Шозон, Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Ибни Холуя, Абуалии Форсӣ, Абулҳасан Алӣ ибни Аҳмад ва дигарон ҳама нависанда ва донишмандони бузургу номдор будаанд. «Ҷамҳарату-л-луғот» аз таълифоти машҳури Ибни Дурайд аст, ки аз нахустин фарҳангҳои луғати ҷомеи арабӣ ба шумор меравад. Асари дигари ӯ — «ал-Мақсурату» (иборат аз 129 байт), ки доир ба он нақду шарҳҳои зиёд навишта шудаанд. Асарҳои «ал-Фавоиду ва-л-ахбор», «ал-Хайл», «ал-Иштиқоқ», «Китобу-л-арӯз», «ал-Вишоҳ», «ал-Луғот», «ал-Ахбору-л-мансура» низ аз таълифоти Ибни Дурайд мебошанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 G. W. T. Ibn Duraid (ингл.) // Encyclopædia Britannica: a dictionary of arts, sciences, literature and general information / H. Chisholm — 11 — New York, Cambridge, England: University Press, 1911. — Vol. 14. — P. 220.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 А. Е. К. Ибн-Дорейд (рус.) // Энциклопедический словарь — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1894. — Т. XIIа. — С. 741.
- ↑ 3.0 3.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Дурайд / Ҳ. Наққош // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.