Jump to content

Ибни Қутайба

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Қутайба
араб. ар. أبو محمد بن قتيبة الدينوري
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: илоҳиётшинос, муаррих, муфассир, муҳаддис, фақеҳ, қозӣ, нависанда
Таърихи таваллуд: 828[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 29 октябр 889(0889-10-29)[2][3][4][…] ё 30 октябр 889(0889-10-30)
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Эътиқод: ислом ва суннӣ
Самти фаъолият: таърих, тафсир, илми ҳадис, фиқҳ ва адаб[d]
Корфармо:
Устодон: Исҳоқ ибни Роҳавайҳ
Осор:
Вироиши Викидода

Абумуҳаммад Абдуллоҳ ибни Абдулмаҷид ибни Муслими Динаварӣ, маъруф ба Ибни Қутайба (ар. ابن قتيبة‎; 828[1][2][3][…], Куфа29 октябр 889[2][3][4][…] ё 30 октябр 889, Бағдод) — таърихнигор, забоншинос, фақеҳ, муфассир ва адиби арабинависи форс-тоҷик, муаллифи «Уюну-л-ахбор».

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Падараш аз Марв буд. Ӯ чанд муддат дар Динавар вазифаи қозиро иҷро карда, бо нисбаи Динаварӣ низ шуҳрат дошт. Ибни Қутайба дар Басра, Бағдод ва Хуросон аз донишмандони замони худ, аз ҷумла Яҳё ибни Ақсом, Абуҳотими Сиҷистонӣ, Ибни Роҳавайҳ, Райёшӣ таълим гирифта, шогирдонаш Аҳмад ибни Марвони Марвазӣ, Убайдуллоҳ ибни Абдурраҳмон ибни Муҳаммади Шуккарӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад ал-Ҳасан ад-Дарроб машҳур буданд. Ибни Қутайба бар зидди пайравони муътазила ва ҷаҳмия мубориза бурда, муътақид буд, ки истеҳсон ва қиёс саранҷом инсонро ба бидъат мерасонанд. Ибни Қутайба, бо вуҷуди эронитабор буданаш, ҷонибдорони шуубияро ба кинаву ҳасади зидди арабҳо маҳкум кард. Аз Ибни Қутайба осори зиёде боқӣ мондааст: «ал-Ихтилофу фӣ-л-лафзи ва-р-радду ала-л-ҷаҳмия ва-л-мушаббиҳа», «Адабу-л-котиб», «ал-Ашриба», «Китобу-л-анвоъ», «Таъвилу мухталифи-л-ҳадис», «Таъвилу мушкили-л-Қуръон», «Табақоту-ш-шуаро», «Китобу-л-Араб ва-л-Аҷам», «Уюну-л-ахбор», «ал-Маориф», «Маъонию-ш-шеър», «ал-Муяссар ва-л-Қаддоҳ», «Ғарибу-л-ҳадис». Асарҳои таърихии Ибни Қутайба «Уюну-л-ахбор» ва «Китобу-л-маориф» бештар маъруфанд.