Идгардак
Идгардак — яке аз маросимҳои хонаводагӣ, ки ба муносибати идҳои Қурбон, Рамазон ва хоссатан Наврӯз дар рӯзҳои ид ва баъзан дар арафаи он баргузор мегардад. Ин анъана дар 1 сол 2 маротиба гузаронида мешавад ва аслан ин маросим аз тарафи кӯдакон гузаронида мешавад[1].
Баргузорӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ин рӯзҳо бисёр вақтҳо дӯшизагон ба дидорбинии дугонаи наварӯсашон мераванд. Ба муносибати фаро расидани идҳои мусулмонӣ ибтидо аз рӯзҳои арафа бонувони тоҷик барои хуб сипарӣ намудани идҳо омодагӣ мебинанд. Маросимҳои хонатаконӣ (хонабарорӣ) созмон дода, лавозимоти хонаҳо, яъне, гилему қолин, кӯрпаву болиштҳо ва ашёи рӯзгорро офтоб дода метаконанд. Манзилашонро тоза карда, хонаҳоро сафед мекунанд. Дар арафаи идҳои мусулмонӣ ва ҷашни Наврӯз таомҳои гуногун мепазанд. Дар хонаводаҳое, ки нав арӯсӣ кардаанд, барои идгардаки дугонаҳои арӯс собун, атру упо ва рӯймолчаву баъзе шираворӣ ва нӯшокиҳоро омода месозанд. Рӯзи ид дасторхонҳоро оро медиҳанд, меваҷот ва ширавориҳоро бо тартиб гузошта, нонҳои гуногун ва самбӯсаҳоро дар рӯйи дасторхони идӣ мегузоранд.
Дугонаҳои наврасон ба дидорбинӣ омада, дуои нек мекунанд. Кадбонувон то сипарӣ шудани идҳо дасторхонро ҷамъ намекунанд. Дӯшизагон ҳангоми дидорбинии дугонаи арӯсашон зери садои дойра дастаҷамъона таронаҳои шӯх ва ҳасбиҳолӣ месароянд. Масалан:
Дугонаҷон, дугона,
Маро кардӣ девона.
Биё равем ба хона,
Армон ба дил намона.
Ё худ:
Ман омадаам, туро бубинам, биравам,
Ғамҳои дилам бо ту бигӯям, биравам.
Ғамҳои дила ҳарчанд, ки гуфта нашуд,
Собун бидеҳу атр, ки ҳамроҳ бибарам.
Ҳангоми худоҳофизӣ хешовандони домод, хоссатан, модар ё хоҳари ӯ, ба дугонаҳои арӯс яктоӣ собун, атру упо медиҳанд ва ё ба сари дугонаҳои арӯс рӯймолча мепартоянд. Маросими идгардак ғайр аз рӯзҳои идҳои Қурбону Рамазон бештар дар ҷашни Наврӯз бошукӯҳу фараҳбахш сипарӣ мешавад.
Идгардак дар идҳои мусулмонӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар шаҳри Душанбе ва рустову ноҳияҳо ба хонаводаҳое, ки шахси наздикашон фавтида бошад, ҳамсояҳо ва аҳли гузар, маҳалла ва ё деҳа ҳамроҳи муллои ҳамон маҳал баъди намози ид рафта, дуову фотиҳа мекунанд.
Дар рӯзҳои идҳои мусулмонӣ мардон низ ба хонаҳои ҳамсоя ва ҳамдеҳагон идгардак мекунанд. Чанд нафар аҳли гузар ва ё маҳалла бо сарварии муллои деҳа ва ё маҳалла аксаран ба хонаҳои мотамдорон рафта, дуову фотиҳа мекунанд, инчунин ба хонаҳои ҳамсояҳо гузашта, дуо мехонанд.
Идгардаки кӯдакон
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар рӯзҳои иди Рамазон ва иди Қурбон кӯдакон ва наврасон либосҳои наву идона ба бар карда, дар дастҳояшон як халтагӣ гирифта, ба хонаҳои маҳаллаи худ рафта соҳибони хонаро «Иди нав муборак, тухмҳои нав қаторак!» гӯён бо идашон табрик менамоянд ва соҳибхона ҳамчун туҳфаи идона ба онҳо тухм, қанд, сақич, кулчаву ҳалво тақдим мекунад. Идгардак дар вилояти Суғд, вилояти Хатлон, водии Ҳисор фаъол аст[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Идгардак / Р. Аҳмадов // А — М. — Д. : СИЭМТ, 2015. — С. 404—405. — (Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2015—2016, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-79-8.