Намози ид
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои: |
Шахсиятҳо
|
Идҳо ва маворид
|
Намози ид (ар. صلاة العيد — намози ид) — намозе аст, ки мусулмонон дар рӯзи Иди Фитр ва Иди Қурбон бо ҷамоат мехонанд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ду иди Рамазон (Фитр) ва Қурбон (Азҳо) хондани намози махсуси ид бар онҳое, ки намози ҷумъа бар эшон воҷиб аст, воҷиб мебошад.
Таърихи аввали моҳи шавволро иди Фитр ва таърихи даҳуми моҳи зулҳиҷҷаро иди Азҳо (Қурбон) меноманд. Ин ду рӯз дар ислом рӯзи иду хушӣ аст ва ба унвони шукрона ду ракъат намоз дар ин ду рӯз воҷиб мебошад.
Тамоми он шарту шароите, ки барои сиҳҳат (дурустӣ) ва вуҷуби намози ҷумъа баён гардид, барои намози идайн низ зарурӣ мебошанд. Ғайр аз хутба, ки дар намози ҷумъа хондани он фарз ва шарт аст ва пеш аз намоз хонда мешавад, вале дар намози идайн хутба шарт нест, балки суннат аст ва баъд аз намоз хонда мешавад. Аммо гӯш кардани ин хутба мисли хутбаи ҷумъа воҷиб аст ва корҳои хилофи он ҷоиз нест.
Вақти намози идайн
[вироиш | вироиши манбаъ]Вақти намози идайн аз баланд шудани офтоб аст, яъне он ҳангоме ки хондани намоз ҷоиз мешавад, то заволи офтоб.
Суннатҳо ва мустаҳабботи идайн
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар рӯзҳои ид мисвок ва ғусл кардан, хушбӯӣ истеъмол намудан ва беҳтарин либосҳоро пӯшидан суннат аст.
Дар иди Фитр пеш аз рафтан ба намозгоҳ бо чизе даҳон ширин намудан[1] ва закоти фитр (садақаи фитр)-ро ҳам пардохтан мустаҳаб аст. Вале дар иди Қурбон хӯрданро то адои намоз ба таъхир гузоштан лозим аст ва агар қурбонӣ дошта бошанд, аз он бихӯранд[2].
Тарзи адои намози идайн
[вироиш | вироиши манбаъ]Тамоми шароите, ки барпо намудани намози ҷумъа ба онҳо бастагӣ дошт, барои баргузории намози идайн ҳам лозим мебошанд, ба ғайр аз хутба, ки он дар намози идайн суннат буда ва баъд аз адои ду ракъат намоз хонда мешавад.
Намози иди Фитр ва Қурбон ду ракъат аст ва тарзи адои он ба ин тариқ аст, ки аввал имом такбири таҳрима «Аллоҳу акбар» гуфта, ба намоз сар мекунад. Аввал чун дигар намозҳо сано мехонад ва баъд аз он се бор бо садои баланд такбир – «Аллоҳу акбар» гуфта, дар ҳар такбир дастҳояшро мебардорад. Пас аз он «Аъузу биллоҳ» ва «Бисмиллоҳ»-ро паст ва баъд сураи «Фотиҳа»-ро ҳамроҳ бо сураи дигаре баланд мехонад. Сипас ба рукӯъ ва суҷуд рафта, ракъати аввали намозро ба ҷо меоварад.
Он гоҳ барои ракъати дуюм бармехезад ва бо садои паст «Бисмиллоҳ» гуфта, сураи «Фотиҳа» ва сураи дигареро бо садои баланд мехонад. Пас аз он се бор бо садои баланд такбир мегӯяд ва дар ҳар такбир дастҳои худро мебардорад. Ҳоло дигар такбиргӯён ба рукӯъ ва пас аз он ба суҷуд рафта, монанди дигар намозҳо ракъати дуюмашро ҳам анҷом медиҳад.
Хондани ду хутба барои намозгузорон баъд аз анҷоми намоз суннат аст ва имом дар он бояд аҳкоми идайнро барои мардум баён созад. Масалан, дар иди Фитр масоили садақаи Фитрро ва дар иди Қурбон масоили қурбонӣ ва такбироти ташриқро баён намояд.
Ва ҳамчунин сазовор аст матолиберо, ки дар хутбаи ҷумъа барои мардум мегӯяд, дар хутбаҳои намози идайн низ бигӯяд.
Аҳкоми намози идайн
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳар гоҳ узре пеш ояд ва натавонанд дар рӯзи ид намози иди Фитрро ба ҷо оваранд, фардои он рӯз онро адо менамоянд ва агар дар рӯзи дуюм ҳам узре ба миён омада, монеъ аз баргузории намози ид гардад, дигар наметавонанд онро дар рӯзи сеюм адо намоянд.
Аммо намози иди Қурбонро метавонанд то рӯзи сеюм адо намоянд, хоҳ узре пеш омада бошад, хоҳ не, аммо таъхири он бе узр кароҳият дорад. Ҳар гоҳ намози идайн қазо шавад, дигар онро қазо хонда намешавад, зеро намози идайн қазо надорад.
Намози идайн азону қомат надорад, балки мустаҳаб аст онро ба ин тариқ эълон намоянд: «Ассалоту ҷомиъатун».
Ҳангоми рафтан ба намозгоҳ мустаҳаб аст дар роҳ бо садои баланд такбири ташриқ гӯянд.
Одобу суннатҳои ид
[вироиш | вироиши манбаъ]Рӯзҳои ид рӯзҳои покизагиву озодагӣ, шодмониву фароғат ва анҷоми амалҳои башардӯстона мебошанд. Бинобар ин, шахси мусалмон дар он рӯз бояд баландтарин одоби муошират ва меъёрҳои ахлоқи шаръиро риоя намояд.
- Дар рӯзи ид корҳои зерин суннат мебошанд:
- ғусл намудан
- мисвок кардан
- беҳтарин либосҳои худро пӯшидан
- атру хушбӯӣ задан
- субҳ барвақт аз хоб бархестан
- ба идгоҳ зуд рафтан
- пеш аз рафтан ба идгоҳ садақаи Фитрро пардохтан
- пеш аз рафтан ба идгоҳ дар иди Фитр чизе хӯрдан
- дар иди Қурбон то баргузории намоз чизе нахӯрдан
- намози идро дар идгоҳ хондан
- аз роҳе ба намозгоҳ рафта ва аз роҳи дигаре баргаштан
- пиёда ба намозгоҳ рафтан
- дар роҳ рӯзи иди Фитр такбирро оҳиста гуфтан
- дар рӯзи иди Қубон такбирро баланд гуфтан.
- Дар идгоҳ гузоридани намози дигаре пеш ё баъд аз намози ид макрӯҳ аст.
- Барои касоне, ки намози ид бар онҳо воҷиб нест, низ пеш аз баргузор шудани намози ид хондани намози нафл макрӯҳ аст.
- Намози идро дар чандин масҷиди шаҳр баргузор намудан ҷоиз аст.
- Касе, ки ба ҷамоат нарасад, наметавонад намози идро танҳо бигузорад. Ҳамчунин, агар намози намозгузоре аз аҳли ҷамоат фосид гардад, наметавонад онро қазо ба ҷой оварад, зеро намози ид қазо надорад, аммо агар чанд нафари дигаре пайдо шаванд, метавонанд бо ҳам ҷамоати дигаре барпо намоянд ва намози идро бо ҳам бигузоранд.
- Шахсе пас аз фориғ шудани имом аз такбироти ракъати якум ба ҷамоат пайваст, агар имом дар ҳоли қиём аст, баъд аз ният кардан фавран такбиротро бигӯяд, агарчи имом машғули қироат бошад. Агар имомро дар рукӯъ дарёбад, дар сурате ки гумони ғолибаш ин бошад, ки баъд аз гуфтани такбирот метавонад дар рукӯъ ба имом бирасад, такбиротро фавран баъд аз ният бигӯяд ва ба рукӯъ равад.Вале агар ғолиби гумонаш ин бошад, ки дар сурати гуфтани такбирот наметавонад дар рукӯъ ба имом бирасад, ният карда, ба рукӯъ равад ва дар рукӯъ ба ҷои тасбеҳоти рукӯъ, такбиротро бигӯяд. Агар пеш аз тамом кардани такбирот имом аз рукӯъ баланд шавад, ӯ низ ҳамроҳи имом баланд шавад ва бақияи такбирот аз вай муъоф (соқит) аст.
- Агар касе пас аз хондани як ракъат ба ҷамоат пайваст, дар вақти ба ҷой овардани ин ракъат аввал қироат намояд ва баъд такбироти идро бигӯяд.
- Агар имом гуфтани такбиротро фаромӯш кунад ва ба рукӯъ равад, дар рукӯъ такбиротро бигӯяд ва ба қиём барнагардад. Агар баргашт ва такбиротро гуфт, низ намоз ҷоиз мешавад ва дар ҳар ду сурат, аз сабаби издиҳом саҷдаи саҳв воҷиб намешавад.
Аҳамияти намози ид
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар фарҳанги исломӣ баргузории намози ид аҳамияти баланди тарбиявӣ ва ҷойгоҳи хоси иҷтимоӣ дорад ва он аз боазаматтарин шаоири фарҳангӣ-ибодатии дини мубини Ислом ба шумор меравад. Бинобар ин, Расули Худо (с) барои баргузории намозҳои ид ҳамеша фазои кушод ва макони васеъеро ғайр аз масҷид дар дохил ва ё гӯшаи шаҳр интихоб мекард ва тамоми мардум – хурду бузург ва марду занро ба тамошо ва ҳузури дар он даъват мекард. Он мавзееро, ки намози ид дар он дар дохил ва ё гӯшаи шаҳр баргузор мешуд, мусалло (намозгоҳ) мегуфтанд. Паёмбари акрам (с) намозҳои идро дар макони кушодае, ки дар назди гӯристони Бақеъ воқеъ буд ва ё дар мусаллои шаҳри Мадина, ки дар назди ҳавлии Касир ибни Салт воқеъ буд, баргузор мекард[3].
Ин дар ҳолате буд, ки барояшон узре пеш намеомад, зеро ҳамчунин ривоят шудааст, ки: «(Боре) дар замони Расули Худо (с) дар рӯзи ид ба мардум борон (-и сахт)-е расид, ки намози идро бо онҳо дар масҷид баргузор намуд»[4].
Факеҳони киром аз маҷмӯи ривоятҳо ва осоре, ки дар ин бора собит шудаанд, ба ин натиҷаи фиқҳӣ расидаанд, ки агар мардум имкони хуруҷ ба берун ва ё гӯшаи шаҳр ба намозгоҳи умумиро дошта бошанд, пас беҳтар аст, ки намозҳои идро дар он ҷо (намозгоҳ) баргузор намоянд, вале дар сурати пеш омадани узре, ба монанди борони сахт ва ё мушкилоти дигаре, ба монанди тавсеаи шаҳрҳо, издиҳоми сайри ҳаракати мошинҳо ва ғайра, ки баромади мардумро ба беруни шаҳр ба гунае мушкил намуда, метавонанд намозро дар масҷидҳои шаҳр баргузор намоянд.
Аз Уммиатия (р) ривоят шудааст, ки «дар рӯзҳои ид ба хуруҷ ба сӯи намозгоҳ амр мешудем ва ҳатто духтарони бикрро аз зери чодар ва занони дар ҳоли ҳайзро ҳамроҳи худ ба он ҷо мебурдем, то баракат ва покии он рӯзро дарёбанд. Онҳо дар пушти мардуми намозгузор (берун аз доираи баргузории намоз) меистоданд ва ҳамроҳи онҳо такбир мегуфтанд ва дуъо мекарданд»[5]. Аз Уммиатия (р) боз ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуд: «Ҷавонзанҳо ва духтарони чадарнишин ва занони дар ҳоли ҳайз низ ба намозгоҳ бароянд ва занони дар ҳайз аз доираи баргузории намоз берун истанд ва хайр ва дуъои муъминонро дарёбанд…»[6].
Расули Худо (с) бо ҳузури занон дар намозгоҳ ва шунидани хутбаҳои умумӣ иктифо намекард, балки барои баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва панду андарзи онҳо пас аз поёни хутба ба назди онҳо меомад ва барояшон суханронии махсусе эрод мекард. Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят шудааст, ки: «Паёмбар (с) рӯзи иди Фитр бархост ва намоз (-и ид)-ро гузорид ва пас аз он хутба хонд. Вақте фориғ шуд, фуруд омад ва ба назди занон рафт ва онҳоро панд дод…»[7].
Шоёни зикр аст, ки ин ду ид ба ҷои тамоми идҳо, ҷашнҳо, ёдвораҳо ва муносибатҳои фароғатие, ки мардум дар даврони ҷоҳилият доштанд, аз сӯи Худованд ба мусалмонон эҳдо гардидаанд. Ривоят шудааст, ки «Расули Худо (с) вақте ба Мадина омад, мардуми он ҷо ду рӯзи хушию бозӣ ва иду шодмонӣ доштанд. Пурсид: Инҳо чӣ рӯзеанд? Гуфтанд: Дар замони ҷоҳилият дар ин ду рӯз бозию хушӣ мекардем. Расули Худо (с) фармуд: Худованд онҳоро барои шумо ба ду рӯзи беҳтаре – рӯзи (иди) Азҳо ва рӯзи (иди) Фитр – табдил намуд»[8][9].
Такбироти ташриқ
[вироиш | вироиши манбаъ]Такбири ташриқ пас аз намози фарзи бомдоди рӯзи нуҳуми зулҳиҷҷа – рӯзи арафа шурӯъ ва баъд аз намози асри рӯзи сездаҳум ба поён мерасад. Як бор гуфтани такбири ташриқ бар ҳар намозгузор пас аз ҳар намози фарзӣ фавран воҷиб аст, зан бошад ё мард, бо ҷамоат намоз бихонад ё танҳо.
Пас аз намози фарз фавран такбир гуфта мешавад. Мардон такбирро баланд (ҷаҳр) ва занон паст (оҳиста) мегӯянд. Пас аз намози ид низ гуфтани такбир воҷиб аст. Такбири ташриқ муддати панҷ рӯз ё пас аз бисту се вақт намоз гуфта мешавад.
«Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, ло илоҳа илла-л-лоҳу валлоҳу акбар, Аллоҳу акбару ва лиллоҳи-л-ҳамд». Ҳар гоҳ имом такбироти ташриқро фаромӯш кунад, муқтадӣ бояд такбир гӯяд. Такбири ташриқ зикр ва замзамаи ёди Худо дар рӯзи шодмонист, ки бандагон онро ба бузургдошти Парвардигорашон бо садои баланд вирди идонаи худ мегардонанд ва ба таври бошукӯҳе шукри неъматҳои Ӯро ба ҷой меоваранд. Гуфтани такбири ташриқ пас аз намозҳои фарзӣ воҷиб буда бошад ҳам, вале он вирди идонаи мусалмонҳост, ки замзамаи он сари ҳар қадам ва дар ҳар нишасту бархост хуб ва шаръан писандидааст.
Такбири ташриқ ба айёми иди Азҳо (Қурбон) – рӯзи арафа ва айёми ташриқ тааллуқи хоссе дорад. Қуръони карим мефармояд: «Ва Худоро дар рӯзҳои башуморе ёд намоед!»[10]
ва назди ҷумҳури муфассирон мурод аз рӯзҳои башумор дар он айёми ташриқ – рӯзи ид ва се рӯзи баъд аз он аст. Дар тамоми нусус ва ривоёте, ки дар онҳо ба зикр ва ёди Худо тавсия шуда, ба тазарруъ ва хуфя (паст, оҳиста) будани он иршод ва амр шудааст, магар дар мавридҳои хоссе, ки айёми ташриқ яке аз онҳост. Бинобар ин, бо иттифоқи назари уламои мазҳаб ҷаҳр (бо садои баланд) гуфтани такбири ташриқ дар рӯзи арафа ва айёми ташриқ мустаҳаб (суннат) аст.
Дар бораи гуфтани такбири ташриқ дар рӯзи иди Фитр (Рамазон) миёни фуқаҳои мазҳаб ихтилофи назарҳое вуҷуд дорад, вале аз он ҷо ки зикр ва ёди Худо дар тамоми авқот, ба ҷуз чанд ҳолат ва вақти хоссе, ҷоиз аст ва аз сӯи шаръ ҳеч мамнӯияте дар бораи он ворид нашуда, рӯзи иди Фитр низ гуфтани он мустаҳаб аст, вале бояд ба таври хуфя (паст) гуфта шавад[11].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Саҳеҳи Бухорӣ, 953; Сунани Ибни Моҷа, 1754
- ↑ Сунани Тирмизӣ, 542; Сунани Ибни Моҷа, 1756
- ↑ Саҳеҳи Бухорӣ, 976
- ↑ Сунани Абӯдовуд, 1160. Сунани Ибни Моҷа, 1313.
- ↑ Саҳеҳи Бухорӣ, 971. Саҳеҳи Муслим, 2052 (890)-11.
- ↑ Саҳеҳи Бухорӣ, 324, 980, 981. Саҳеҳи Муслим, 2051 (890)-10, 12.
- ↑ Саҳеҳи Бухорӣ, 958, 961, 978. Саҳеҳи Муслим, 2044 (885)-3. Аз Ибни Аббос (р) низ ҳадисе ба ин маъно ривоят шудааст.
- ↑ Сунани Абӯдовуд, 1134.
- ↑ Сунани Насоӣ, 1557.
- ↑ Бақара, 2:203
- ↑ Радду-л-мӯҳтор. – Ҷ. 3. – С. 57–58.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдушарифи Боқизода, Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ, Душанбе — 2017