Идрис
ар. إدريس | |
![]() | |
Зодгоҳ |
|
Таърихи даргузашт | номаълум |
Маҳалли даргузашт |
|
Пеша | паёмбар, риёзидон, ахтаршинос |
Падар | Jared[d] |
![]() |
Идрис (ар. ادريس) — дар ислом яке аз паёмбарон, ки ҳазор сол пеш аз Нӯҳ мабъус шуда, мансаби нубувват пас аз Одам ва Шис ба ӯ расидааст.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба қавли Ибни Асир, 368 сол аз умри Идрис гузашта буд, ки Одам аз дунё рафт. Баъзеҳо номи ӯро бо вожаи арабии «дарс» марбут дониста, гуфтаанд, ки бинобар бисёрии тадрис ва омӯзиш чунин номгузорӣ шудааст, аммо ҷамъе дигар онро вожаи ғайриарабӣ гуфтаанд ва зодгоҳашро Бобил ё Миср навиштаанд. Ба қавли Мирхонд, зодгоҳи ӯ Муниф аст, аз диёри Миср. Азбаски ба Идрис паёмбарӣ, ҳикмат ва подшоҳӣ ато шуда буд, ӯро «Мусаллас би-н-ниъма» (соҳиби се неъмат) меноманд. Ба Идрис тавассути Ҷабраил сӣ саҳифа фуруд омада, ӯ онҳоро навиштаву хонда будааст. Аз ин рӯ, ӯро нахустин касе гуфтаанд, ки бо қалам китобат карда, ба тадрис пардохтааст. Ҳамчунин Идрисро нахустин касе донистаанд, ки либос пӯшид ва ба дигарон низ дӯзандагӣ омӯхт. Идрис устоди бисёре аз улум, монанди илми нуҷум, ҳисоб, ҳандаса, ҳайат ва ғ. ба шумор меравад. Мардуми он замон ба 72 забон сухан мегуфтаанд ва Идрис ҳамаи он забонҳоро медонистааст. Идрис ба мардум одоби тамаддун ва қонунҳои мамлакатдорӣ, тарзи идораи шаҳрҳо ва сохтмони онҳоро омӯхт ва дар асари таълими ӯ дар рӯи кураи Замин 188 шаҳр бино гардид, ки хурдтарини онҳо Раҳо (дар Туркия) аст. Ба қавли Мирхонд («Равзату-с-сафо»), Идрис 100 шаҳр бино кард, ки хурдтарини онҳо ш. Рай аст.
Дар ривояте омада, ки яке аз малоика муртакиби тарки авло шуд, аз ин рӯ, Худованд болу парашро қатъ карда, ӯро дар ҷазирае андохт; ӯ солҳо дар он ҷазира гирифтори азоб буд. Вақте Идрис ба мақоми паёмбарӣ расид, он фаришта ба наздаш омада аз ӯ хост, ки дар ҳаққаш дуо кунад. Идрис дуо кард ва Худо аз гуноҳаш гузашту ба ӯ пару бол ҳам бахшид. Фаришта ба подоши ин некӣ аз Идрис пурсид, ки оё ӯ ҳоҷате дорад. Идрис хост, ки ӯро ба осмонҳо бибарад, то Малакулмавтро бибинад. Фаришта Идрисро ба осмони чаҳорум бурд ва Малакулмавт дар ҳамон ҷо байни осмони чаҳоруму панҷум ҷонашро қабз кард. Тибқи ривояти дигар, Малакулмавт аз Худо иҷозат гирифта, барои зиёрат ва дидорбинии Идрис ба Замин омад ва бо ӯ унс гирифт. Сипас Идрисро ба осмон бурд. Чун ба Идрис дӯзах ва биҳиштро нишон дод, ӯ вориди биҳишт шуд ва дигар аз он ҷо берун наёмад. Тибқи ривояти дигаре, пас аз он ки Малакулмавт ҷони Идрисро гирифт, Худованд ӯро бори дигар зинда кард. Фариштаи марг нахуст ӯро ба дӯзах ва сипас ба биҳишт мебарад, вале Идрис дигар ҳаргиз аз биҳишт хориҷ намешавад. Ғолибан осмони чаҳорумро ҷойгоҳи Идрис зикр кардаанд. Дар ривоятҳои марбут ба ҷойгоҳи Исо дар осмон аз Идрис ҳам сухан рафтааст. Дар Қуръон дар бораи Идрис ишораи гузарое рафта, номи ӯ дар канори ду тани дигар аз паёмбарон аз ҷумлаи собирону солеҳон омадааст (21:85–86). Ҷои дигар гуфта шуда, ки Парвардгор ӯро ҷойгоҳе баланд додааст (19:57). Номи Идрис дар ҳадиси машҳури «Исро» низ зикр шудааст. Тибқи он, паёмбар (с) дар шаби Меъроҷ, пас аз убур аз осмонҳои аввал то севвум ва дидор бо Одам, Яҳё, Исо ва Юсуф, дар осмони чаҳорум бо Идрис мулоқот кард ва Идрис паёмбар (с)ро бародар ва паёмбари солеҳ хонд. Идрис бо Ухнух (Ханух, Енох)-и дар Библия ёдшуда як пиндошта шудааст. Миёни Идрис дар қиссаҳои исломӣ ва Ухнухи библиягӣ шабоҳати фаровон вуҷуд дорад. Вуруди исроилиёт дар ин робита чандон пурқувват аст, ки баъзан аз якдигар ҷудо кардани онҳо номумкин буда, пардохтан ба Идрис бидуни шинохти Ухнух душвор ба назар мерасад. Ин бовар низ вуҷуд дорад, ки Ухнух номе сурёнӣ ё ибрӣ ва Идрис номе арабӣ барои як шахсият аст. Идрис бо Осирис, Ҳермес (Ҳермеси аввал, Ҳермесулҳаромиса) ва Илёс низ як шумурда шудааст. Соҳиби «Муҷмалу-т-таворих» Идрисро ҳамзамон бо Ҳушанг ва Таҳмурас дониста, менависад, ки пас аз ӯ Ҳушанг ба илми нуҷум пардохтааст. Идрис дар ирфон низ мақоми мушаххас дорад. Ибни Арабӣ фисс (нигин)-и чоруми «Фусусу-л-ҳикам»-ро, ки дар бораи ҳикмати қуддусӣ аст, ба Идрис бахшидааст. Ӯ Идрисро намунаи ақли инсонӣ дар ҳолати тарки том аз тамоми алоқаҳои ҷисмонӣ тасвир мекунад. Орифи мазкур дар назарияи абдоли ҳафтгонаи худ Идрисро дар радифи чаҳорум қарор дода, бар он аст, ки тамоми осори улвӣ, аносири чаҳоргона, ҳаракоти афлок, илми асрори рӯҳониёт ва ғ. марбут ба иқлими чаҳорум ва бадили ин иқлим Идрис аст. Тибқи ривояти манбаъҳои исломӣ, Идрис дар 65-солагӣ бо Ҳадона (Адона) духтари Бовил ибни Маҳвил ибни Ханух ибни Қоин издивоҷ карда, дар ҳамон сол соҳиби фарзанде ба номи Матушолеҳ шуд. Пас аз он 300 сол бизист ва дар 365-солагӣ ба осмон рафт. Масҷиди Саҳла дар Куфа хонаи Идрис, ҷои ибодат ва хайётии ӯ гуфта шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Идрис / С. Маҳмадуллоҳ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — С. 517. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.