Ислом дар Судон
Ислом дар Судон аксарияти диниҳоро ташкил медиҳад. Мусалмонон - сунниҳо 97% аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Якчанд ҷамоаҳои хурди шиаҳо низ мавҷуданд. Фарқияти асосии байни мусулмонони Судон, табаияти аксарияти онҳо ба суфиҳо мебошад. Аз ҳама маъмултаринашон Ансор ва Хатмия мебошанд.[1] Дар Судон қонунҳои шадиди шариат амал мекунанд.[2]
Ибтидо
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 641 дар замони ҳукмронии халифа Умар ибни Хаттоб сарбозони мусалмон қаламрави Мисри муосирро забт карданд, соли оянда онҳо қаламрави Либияи муосирро забт карданд. Баъдтар мусалмонон нуфузи худро ба Туниси кунунӣ дар соли 647 дар давраи салтанати сеюми халифа Усмон ибни Аффон густариш доданд. Истилои Африқои Шимолӣ дар давраи ҳукмронии хилофати Умавиён идома ёфт, дар соли 680 — Алҷазоир ва соли оянда Марокаш забт шуданд. Аз асри VIII сар карда, мусалмонон ба ҷануби Саҳрои Кабир ворид шуданд, аввал дар водии Нил то Нубия ва баъдтар ба Саҳрои Африқои Ғарбӣ [3].
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар асрҳои XVI — XVIII дар қаламрави Судон давлатҳои мустақили исломӣ —султонати Сеннар ва султонати Дарфур, вуҷуд доштанд.[4]
Паҳншавӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ислом дар Судон аз тарафи ин гурӯҳҳо қавми икалон, аз қабили арабҳо, нубианиҳо, беҷаҳо, форҳо, загаваҳо, массалитҳо[en], Даго ва бертаҳо ибодат мешавад. Қисми зиёди мусулмононро сунниҳо ташкил медиҳанд.
Бо вуҷуди ин, дар Ҳартум, пойтахти Судон, инчунин якчанд ҷамоаҳои мавҷуданд.[5]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Hamid Eltgani Ali. Darfur's Political Economy: A quest for development. — Routledge, 2014-08-21. — 289 с. — ISBN 9781317964643.
- ↑ Судан: женщину приговорили к казни за отказ от ислама(рус.). BBC Україна. 1 Декабри 2018 санҷида шуд.
- ↑ Hussein D. Hassan. «Islam in Africa» Congressional Research Service (May 9, 2008). .
- ↑ Судан (государство) // Большая советская энциклопедия : [в 30 т.] / гл. ред. А. М. Прохоров. — 3-е изд. — М. : Советская энциклопедия, 1969—1978. .
- ↑ Emile Nakhleh. A Necessary Engagement: Reinventing America's Relations with the Muslim World. — Princeton University Press, 2008-12-29. — 185 с. — ISBN 1400829984.