Иқболи Лоҳурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Аллома Муҳаммад Иқбол
арабӣ: علامه محمد اقبال
Iqbal.jpg
Санаи таваллуд:

9 ноябр 1877(1877-11-09)[1][2]

Санаи марг:

21 апрел 1938(1938-04-21)[3][1][2] (60 сол)

allamaiqbal.com
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (урду: علامه محمد اقبال, англисӣ: Allama Muhammad Iqbal; 18771938) — шоир, файласуф ва ходими ҷамъиятӣ. Аз зумраи бузургтарин ва машҳуртарин суханварони форсизабон ва мутафаккирони нимаи аввали қарни бисти шибҳи қораи ҳинд буда, бо осори ғановатманду пурмазмун ва саршори ғояҳои олии инсондӯстии худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ мақоми баландеро ишғол менамояд. ҳаёту фаъолияти эҷодӣ ва таълифоти гуногуншаклу мухталифмазмуни аллома Иқболи Лоҳурӣ аз дер боз мавриди таваҷҷӯҳу омӯзиши пажӯҳишгарони шарқу ғарб, бавижа аҳли таҳқиқи Покистону Эрон, Афғонистону Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон қарор гирифтааст. Онҳо роҷеъ ба рӯзгор, осору афкори ӯ унвонҳо, таъбирҳои баланд, суханони тавсифомезе навиштаанд. Чунон ки маълум аст, замони зиндагии Иқболи Лоҳурӣ ба чаҳоряки охири асри 19 ва нимаи аввали асри 20 рост меояд, ки дар ин давра ҷараёни ба зери тасарруфу тасаллути Англия гузашта нимҷазираи Ҳинд (соли 1856 анҷом меёбад ва дар тамоми ҳукмронии империяи Британия барқарор ва тартибу усули фаронфармоии он ҷорӣ мегардад.

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 Encyclopædia Britannica
  2. 2.0 2.1 (unspecified title)
  3. data.bnf.fr: платформа открытых данных — 2011.

Адабиёт[вироиш]

  • Мунтахаби ашъори Иҷболи Лоҳурӣ / Душанбе / Маориф ва фарҳанг / соли 2010 / Китобхонаи мактаб / М. Лутфуллоев; М. Муллоаҳмад; А. М. Хуросонӣ; М. Акбарзод; Н. Зайниддинов / ISBN 978-99947-1-053-9 / 280 саҳ / najmiddin 64@ mail.ru / Тел.: 233-93-97

Пайвандҳо[вироиш]