Йенс Бёрнзен
олмонӣ: Jens Böhrnsen | |
![]() | |
Таваллуд |
12 июн 1949[1][2] (73 сол) |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Дараҷаи илмӣ | доктори ҳуқуқ[d][3] |
![]() |
Йенс Бёрнсен (ур олмонӣ: Jens Böhrnsen ; тав. 12 июн 1949, Бремен) — сиёсатмадори Олмон, аз 8 ноябри соли 2005 то 15 июли соли 2015 — Мири Бремен ва раиси ҳукумати замини Бремен, аз 1 ноябри соли 2009 то 31 октябри соли 2010 — Раиси Бундесрат.
Солҳои 1968-1973 дар Донишгоҳи Кил таҳсил карда, дар онҷо соҳиби унвони ҳуқуқшиносӣ шудааст. Соли 1995 ба сенати Бремен интихоб шуд, аз соли 1999 ба фраксияи Ҳизби сотсиал-демократии Олмон (SPD) дар он сарварӣ мекард. Пас аз истеъфои Бургомастер Ҳеннинг Шерф бо аксарияти мутлақи овозҳо (тақрибан 72% овозҳо) ӯ дар интихоботи раҳбари SPD пирӯз шуд ва шаҳрдори нав шуд. Пас аз интихоботи соли 2007 ӯ аз таъсиси эътилоф бо Иттиҳоди Христианӣ Демократӣ худдорӣ кард ва намояндагони ҳизби Сабзҳоро ба ҳукумати нав даъват кард.
Пас аз истеъфои президенти Олмон Ҳорст Кёлер 31 майи соли 2010, ӯ иҷрокунандаи вазифаи. Президенти федеролии Олмон шуд. Тибқи қонун, президенти нави Олмон бояд дар давоми 30 рӯз пас аз истеъфои президент интихоб шавад. 30 июни 2010, Кристиан Вулф, ки ба ин вазифа интихоб шуда буд ба кор шуруъ намуд.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.) / Hrsg.: Bibliographisches Institut & F. A. Brockhaus, Wissen Media Verlag
- ↑ Munzinger Personen (нем.)
- ↑ Deutsche Nationalbibliothek, Staatsbibliothek zu Berlin, Bayerische Staatsbibliothek, Österreichische Nationalbibliothek Record #1034697420 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
- Вебсайти шахсӣБойгонӣ шудааст 31 августи 2017 сол. карда шудааст
- ТарҷумаиҳолБойгонӣ шудааст 2 январи 2010 сол.