Рихард фон Вайтсзеккер
олмонӣ: Richard von Weizsäcker | |
Таърихи таваллуд: | 15 апрел 1920[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | Штуттгарт, Ҷумҳурии Ваймар, Рейхи Олмон |
Таърихи даргузашт: | 31 январ 2015[4][1][2][…] (94 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Таҳсилот: | |
Дараҷаи илмӣ: | докторӣ[d] (июли 1955) |
Эътиқод: | лютеранӣ |
Ҳизб: | |
Навъи фаъолият: | сиёсатмадор, вакил, ходими низомӣ |
Падар: | Ernst von Weizsäcker[d] |
Модар: | Marianne von Weizsäcker[d][5] |
Фарзандон: | Robert K. von Weizsäcker[d], Andreas von Weizsäcker[d], Beatrice von Weizsäcker[d] ва Fritz von Weizsäcker[d] |
Мукофотҳо: | |
Соядаст | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Барон Рихард Карл фон Вайтсзеккер ( олмонӣ: Richard Karl Freiherr von Weizsäcker) ( 15 апрел 1920, Штуттгарт - 31 январи 2015, Берлин [6] ) - арбоби сиёсӣ ва давлатии Олмон, узви Иттиҳоди христианҳои демократ, президенти федеролии Олмон дар солҳои 1984 - 1994 . Ӯ яке аз сиёсатмадорони барҷастаи Олмон ҳисобида мешавад.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Вайтсзеккер 15 апрели соли 1920 дар Штуттгарт таваллуд шудааст. Падари ӯ Эрнст фон Вайтсзеккер дипломати маъруф ва бародараш Карл Фридрих фон Вайтсзеккер , - физикдон ва файласуф. Вай чанд сол дар Швейтсария ва Дания зиндагӣ мекард, ки падараш дар онҷо дипломат буд ва дар синни 17-солагӣ ба Бритониёи Кабир кӯчид ва дар он ҷо таҳсили фалсафа ва таърихро дар Коллеҷи Баллиол, Оксфорд оғоз кард. Вай баъдтар дар Гренобли Фаронса низ таҳсил кардааст. Бо саршавии Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ӯ ба артиши Олмон дохил шуд. Соли 1945 дар Пруссияи Шарқӣ захмдор шуда, ба зодгоҳаш Штуттгарт фиристода шуд.
Пас аз ҷанг, Вайтсзеккер омӯзиши илми таърихии худро дар Донишгоҳи Геттинген идома дод ва дар ниҳоят ба ҳуқуқшиносӣ гузашт. Дар мурофиаи 11-уми Нюрнберг ӯ узви гурӯҳи падараш буд.
Вай дар соли 1954 ба иттиҳоди христианҳои демократӣ ва соли 1969 узви Бундестаг шуд . Аз соли 1979 то соли 1981 ноиби раиси Бундестаг ва аз соли 1981 то соли 1984 раиси Ҳукумати Берлини Ғарбӣ буд. Соли 1984 ӯ ба ҷои Карл Карстенс Президенти ҷумҳурии Олмон интихоб шуд.
Вайтсзеккер бо нутқи худ дар Бундестаг 8 май соли 1985 ба муносибати 40-солагии таслим шудани Олмон дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ маълум аст. Вай дар нутқи хеш ба мавзӯи гуноҳкорӣ дахл кардааст, ки маънии он, ба назари ӯ, ҳифзи хотираи гузаштагон ва ибрат гирифтани насли муосир аст. [7]
Фактҳои ҷолиб
[вироиш | вироиши манбаъ]Тибқи маълумоти тасдиқнашуда, Вайтсзеккер хеши дури В. Ленин аст. [8]
Мукофотҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 https://merkel-zeller.de/getperson.php?personID=I19954&tree=Merkel-Zeller
- ↑ 2.0 2.1 Stammdaten aller Abgeordneten des Deutschen Bundestages
- ↑ Discogs (ингл.) — 2000.
- ↑ 4.0 4.1 https://www.bundespraesident.de/DE/Die-Bundespraesidenten/Richard-von-Weizsaecker/richard-von-weizsaecker-node.html
- ↑ Pas L. v. Genealogics (ингл.) — 2003.
- ↑ Помер екс-президент Німеччини Ріхард Карл фон Вайцзеккер
- ↑ 30 января 1933 года в Германии к власти пришли нацисты — Svobodanews.ru. 28 апрели 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 май 2008.
- ↑ Ленин и бывший президент ФРГ — родственники, утверждает германский ученый
- ↑ Acta Apostolicae Sedis, 1994. — P. 619. (ит.)
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 15 апрел
- Зодагони соли 1920
- Даргузаштагони 31 январ
- Даргузаштагони соли 2015
- Даргузаштагони Берлин
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо
- Президентҳои Олмон
- Сарварони Аврупо асри XX
- Сиёсатмадорони асри XX
- Сарварони асри XX